На рынке в центре Петербурга выявлены нелегальные мигранты

Мақомоти Русия гуфт дар кадом соҳаҳо фаъолияти муҳоҷирон манъ ё маҳдуд мешавад

1048
(Таҷдидшуда 16:31 07.01.2020)
Ҳукумати Русия бахшҳои гуногуни иқтисодро, ки дар он фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ манъ ё қисман маҳдуд мешаванд, эълон кард

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.  Дар соли 2020 фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, савдо ва нақлиёт фаъолият мекунанд, коҳиш дода мешавад, навиштааст рӯзномаи “Российская газета”.

Тибқи қарори ҳукумати Русия дар соли 2020 муҳоҷиронро дигар барои савдо чакана дар ҷойҳои мувақатӣ ва бозорҳо, дорухонаҳо инчунин, барои савдо дар нуктаҳо берун аз мағозаҳо, хаймаҳо ва бозорҳо ба кор ҷалб кардан манъ аст. Ҳамингуна  маҳдудият дар қаламрави Русия дар соли 2019 низ  ҷорӣ шуда буд.  

Муҳоҷирон метавонанд ба савдои машруботу сигор дар мағозаҳои махсус ҷалб шаванд, аммо шумори муҳоҷирон набояд дар ин мағоза аз 15 дарсад зиёд бошад.

Теъдоди муҳоҷирони ҷалбшуда дар соҳаи варзиш низ набояд аз 25 дарсад зиёд бошад. Ҷалби муҳоҷирон дар бахши нақлиёти мусофирбар бошад набояд аз 26 дарсад зиёд бошад.

Маҳдудият инчунин дар бахшҳои сохтмон ва парвариши меваю сабзавот ҷорӣ шудааст.

Барои мисол дар соҳаи сохтмон ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ набояд аз 80 дарсад зиёд бошад. Ин дар ҳолест, ки дар минтақаи Бурятия, Амрур ва Маскав маҳдудият вуҷуд надорад, аммо дар Доғистон чунин маҳдудият дар ҳаҷми 50 дарсад муқаррар шудааст.

Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши кишоварзӣ низ бояд на зиёдтар аз 50 дарсад бошад.

1048
Барчаспҳо:
маҳдуд, манъ, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирон, фаъолият, Ҳукумат, Русия