Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Сокини 31 солаи Хатлон дар Маскав зери чархи мошин ҷон дод

203
(Таҷдидшуда 15:44 17.01.2020)
Абдуллоев Баҳодур сокини 31 - солаи вилояти Хатлон шоми 16 - уми январ дар шаҳри Маскав зери чархи мошин ҷон дод

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шоҳроҳи "Красный посёлка - Павловская Свабода"- и шаҳри Маскав мошини сабукрав шаҳрванди 31 - солаи Тоҷикистонро пахш кард, хабар медиҳад Pressa.tj.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тахминан соати 18:51 дақиқаи рӯзи 16 - уми январ рух додааст. Шаҳрванди Тоҷикистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешаавад, нафари ҳалокшуда Абдуллоев Баҳодур, сокини вилояти Хатлон буда, то ҳол ягон хешовандаш пайдо нашудаст, ки ҷасади ӯро аз сардхона бигирад.

Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд

Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар авохири соли гузашта ба андозаи 26 дарсад афзоиш ёфта буд. Зикр мегардад, ки дар ин муддат аз Тоҷикистон беш аз 411 ҳазор нафар барои кор муҳоҷират карданд.

Боздошти сокини Рязан, ки як муҳоҷирро кушт ва дуи дигарро маҷрӯҳ кард

Бар асоси додаҳои ниҳоди муҳоҷиратии Русия, дар ҳоли ҳозир беш аз 1 миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

203
Барчаспҳо:
ҳалок, мошин, муҳоҷир, Маскав, Хатлон
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

115
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

115

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

300
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

300

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон