Марди ҳалокшуда, акс аз бойгонӣ

Дарёфти ҷасади сӯхтаи тоҷикистонӣ дар Санкт-Петербург

584
(Таҷдидшуда 15:53 14.02.2020)
Дар зеристгоҳи ноҳияи Приморски Санкт-Петербург ҷасади сӯхтаи шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст. Муҳоҷир 37 сол доштааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҷасади сӯхтаи мард, дар шимоли Санкт-Петербург дарёфт шудааст, хабар медиҳад 78.ru бо такя ба манбаъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Қайд мешавад, ки фавтида - шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1983 мебошад.

Ҷасади ин мард дар назди зеристгоҳи ноҳияи Приморски Санкт-Петербург дарёфт шудааст.

Сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон мувофиқи маълумоти пешакӣ, зарбаи барқ гуфта мешавад.

Дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти дахлдор фаъоланд.

Мақомоти Русия гуфт дар кадом соҳаҳо фаъолияти муҳоҷирон манъ ё маҳдуд мешавад

То ҳол корманди зеристгоҳ будан ё набудани муҳоҷири тоҷик дақиқ нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар натиҷаи занозании оммавӣ дар шаҳри Сергиев Посади бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд.

584
Барчаспҳо:
ҳалокати як муҳоҷири тоҷикистонӣ, ҷасад, Санкт-Петербург