Драка, архивное фото

Навори занозании оммавии муҳоҷирон бо доғистониҳо дар Санкт-Петербург: 11 кас боздошт шуд

550
(Таҷдидшуда 14:34 14.03.2020)
Муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷи наздик дар маркази шаҳри Санкт-Петербург бо доғистонӣ ҷанҷол шуданд. Яке ба бемористон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Дар шаҳри Петербург дар назди маркази тиҷоратии "Галерея" миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва доғистониҳо занозании оммавӣ сар задааст, хабар медиҳад расонаҳои маҳаллӣ.

Ҷанҷол рӯзи 12 март соати 19:30 ба вуқӯъ пайвастааст. Кормандони пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба гуфти шоҳидон дар занозанӣ то 20 нафар ширкат кардааст, феълан 11 каси онҳо боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои пешакии "Невские новости", дар ин занозанӣ муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва ҷавонон аз Доғистон даст доштаанд. 

Вале бино ба гузориши "Мойка", аз ин ҳисоб ду шаҳрванди Ӯзбекистон, шаш доғистонӣ ва як сокини Ханта-Мансийск мебошанд.

Кордкашию тирпарронӣ: латту кӯби шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Маскав - видео

Ин занозанӣ қисман ба навор афтодааст. Як нафар дар паи латту кӯб ба бемористон интиқол ёфтааст. Гуфта мешавад ӯро бо корд захмӣ кардаанд.

Рейди пулиси Новосибирск пас аз занозании муҳоҷирон

550
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, занозанӣ, занозанӣ, Петербург