Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Русия ба муҳоҷирон имкон дод, ки бе убури марз муҳлати будубошашонро тамдид кунанд

1751
(Таҷдидшуда 14:03 20.03.2020)
Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои гирифтани патентҳои нав бидуни тарк кардани қаламрави Федератсияи Россия ва бидуни ба ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани муҳлати пешниҳоди аризаҳои дахлдор муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.Русия ба муҳоҷирни корӣ иҷозат додааст, ки бе убури марзи давлатӣ муҳлати будубошашонро дар дохил тамдид намоянд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ дода, тартиби тамдиди муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави худ интишор намудааст.

Дар иттилоияи Вазорати корҳои дохила гуфта мешавад: “Бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо дарназардошти вазъи вобаста ба паҳншавии сирояти нави коронавирус шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз 19 марти соли 2020 муҳлати будубоши муваққатии худро дар Федератсияи Россия тамдид намоянд”.

Манбаъ мегӯяд, муҳоҷирин бояд ба наздиктарин маҳалли воқеии будубоши худ- мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия бо ариза (дар шакли озод) муроҷиат кунанд. “Шаҳрвандоне, ки дар асоси раводид ба Россия омадаанд, новобаста аз мақсади ворид шудан ба Россия муҳлати эътибори он тамдид карда мешавад. Агар муҳлати раводид аллакай тамом шуда бошад, муҳлати будубоши муваққатии онҳо низ тамдид карда мешавад” ,- гуфтааст Вазорати корҳои дохилии Русия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки бо тартиби бе раводид ба Россия омадаанд, муҳлати будубоши онҳо низ тамдид карда мешавад, аз ҷумла агар муҳлаташ ба охир расида ҳам бошад.

Гуфта мешавад, қабули ариза оид ба додани иҷозат барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатномаҳои корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия истиқомат мекунанд, дубора оғоз мегардад.

“Ғайр аз он, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои гирифтани патентҳои нав бидуни тарк кардани қаламрави Федератсияи Россия ва бидуни ба ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани муҳлати пешниҳоди аризаҳои дахлдор муроҷиат кунанд” ,- афзудааст манбаъ.

Вазорати корҳои дохилии Русия ҳамчунин мегӯяд, ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Россия дар асоси иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати ба анҷом расидани муҳлати амали ҳуҷҷати додашуда муҳлати он тамдид карда мешавад.

 

 

1751
Барчаспҳо:
патент, муҳоҷирон, Русия