Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото

ВУХ: шаҳрвандонро аз Мисру Туркияву Тошканд овардем, масъалаи боқимондаҳо баррасӣ мешавад

477
(Таҷдидшуда 13:44 24.03.2020)
Ҳоло масъалаи ташкили парвозҳои иловагии чартерӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои дигар баррасӣ шуда истодааст, мегӯяд Вазорати корҳои хориҷии кишвар

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд, ба ватан оварда шудаанд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва талошҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Тошканд, Нур-Султон ва Алмато беш аз 1100 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсоя дармонда буданд, ба ватан оварда шуданд.

Ҳамчунин бо мусоидати дипломатҳои мо шаҳрвандони кишвар, ки дар Миср ҳамчун сайёҳ қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар, ки пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба мақсади пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) пеш омадаанд,  аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

“Аз ҷумла, барои овардани шаҳрвандони мо аз Русия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ чанд парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, “Тоҷик Эйр” ва “Fly Dubai” анҷом дода шуданд ва ташкили парвозҳои иловагии чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуда истодааст”,-афзудааст ВУХ.

Ёдовар мешавем, қисми зиёди шаҳрвандони кишвар дар се фурудгоҳи шаҳри Маскав дар мондаанд ва аз ҳукумату намояндагони диломатӣ талаб доранд барои ба ватан бурданашон мусоидат намоянд.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, ба маълумоти ду рӯз қаблияш дар фурудгоҳҳи Маскав 417 муҳоҷир мунтазири парвозанд.

“Тибқи маълумоти дирӯз, дар фурудгоҳи Жуковский 213, Внуково 164 нафар дар дар Шереметово 40 нафар мунтазири парвозанд",-мегӯят Сатторов.
Сатторов гуфт, ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" барои бурдани шаҳрвандони кишвар чанд парвоз анҷом доданд ва ҳоло мо мунтазири баровардани шаҳрвандони боқимонда аз фурудгоҳ ҳастем.

 Ширкатҳои ҳавопаймоии мо дар як шабонарӯз 1-2 парвоз анҷом медиҳанд ва пеш аз ҳама онҳоеро, ки чиптаҳоро то 23 март гирифтаанд, бароварда хоҳанд шуд",- гуфт сафир.

477
Барчаспҳо:
шаҳрванд, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Тоҷикистон