Дастгирии муҳоҷирон: созмони "Нур" ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд

© © РОО НУРРОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса
РОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ихтиёриёни созмони "Нур" тасмим гирифтаанд, дар пешорӯи вазъияти мушкиле, ки коронавирус ба сари муҳоҷирон овардааст, дасти кӯмак дароз кунанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар робита ба авҷ гирифтани маризии сироятии коронавирус, Русия равобити ҳавоӣ ва заминиро бо Тоҷикисон қатъ намуд. Қисмати ками муҳоҷирон тавонистанд сари вақт қаламрави ин кишварро тарк карда озими Тоҷикистон шаванд.

Вале теъдоди зиёди муҳоҷирон ҳамоно дар Русия қарор доранд ва дар ин шабу рӯз ҳатто имкони кор кардан ва маблағ ба даст оварданро надоранд.

Иқдоми созмони "Нур"

Ихтиёриёни созмони "Нур" тамсис гирифтанд, оилаҳои ниёзмандро бо маводи хӯрокворӣ таъмин кунанд.

© © РОО НУРРОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса
Дастгирии муҳоҷирон: созмони Нур ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд - Sputnik Тоҷикистон
РОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса

Созмони ҷамъиятии "НУР", ки одатан ба баргузории ҷашнҳо, курсҳои омӯзишӣ, маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ масъул аст, ин дафъа барои кӯмак ба ҳамватанон захираҳои инсонӣ ва молиявӣ фиристод.

Раиси "НУР" Карамшо Мамаднасимов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бо кӯмаки одамони ғамхор тавонистанд, ки қадами аввалро барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик гузоранд.

"Мо ҳеҷ гуна дастгирии беруна надорем, мо як созмони ғайритиҷоратӣ мебошем, аммо дар доираи "Нур" пасандозҳои кам дорем. То ҳол мо танҳо ба онҳое, ки эҳтиёҷманданд, кӯмак кардаем", - афзуд ӯ.

Ҳамин тавр, рӯзи 12 апрел 30 нафар аз як анбори хӯрокворӣ дар Маскав маводи озӯқавории ниёзи аввалияро харидорӣ намуда, сипас дар бағоҷи 45 мошин бор карда ба оилаҳои сахт ниёзманд ирсол намуданд.

© © РОО НУРРОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса
Дастгирии муҳоҷирон: созмони Нур ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд - Sputnik Тоҷикистон
РОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса

Ба гуфтаи Мамаднасимов, бо шарофати таҷрибаи чандинсола, Кумита суроғаҳои ҳамаи оилаҳои серфарзанди тоҷик дар Маскав ва вилояти Маскавро медонад. Дар як рӯз 400 қуттии маҳсулот ба 350 оилаи тоҷик дар Маскав, Балашиха, Одинсова, Люберт ва Подолск тақсим карда шуд.

Ихтиёриён дар дохили ҳар як қуттӣ сабзавот, чой, шакар, шир, макарон, биринҷ ҷой доданд.

© © РОО НУРРОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса
Дастгирии муҳоҷирон: созмони Нур ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд - Sputnik Тоҷикистон
РОО НУР помогает соотечественникам в период пандемии коронавируса

Ҳамчунин дар ҳар як қуттӣ навиштаҷоти махсуси "Нур" бобати риоя кардани қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус насб шуда буд.

"Мо зарур шуморидем, ки чунин як иқдоми саховатманданаро пиёда намуда, аз афроди дороманд даъвати имдод расондан ба оилаҳои ниёзмандро намоем. Ҳоло барои ҷалби кӯмаки беруна як суратҳисоби бонкӣ низ мекушоем", - илова намуд манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Роҳбари созмони "Нур" бар ин бовар аст, ки сафи нафарони имдодрасон кам нест ва оилаҳои ниёзманд ҳатман дар ин рӯзҳои сахт дастгирӣ меёбанд.

"Ман аз кулли ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки ба ҳамаи тавсияҳои мақомот дуруст муносибат кунанд. Мо дарк мекунем, ки ин чандон оддӣ нест, аммо бояд ҳамаҷониба роҳи паҳншавии ин сироятро бигирем ва саломатии худ, хешовандону дӯстони худро зери хатар нагузорем", - таъйид намуд Мамаднасимов.

Ӯ аз нафароне, ки бидуни таблиғи худ дар интернет дасти муҳоҷиронро мегиранд ва онҳоро бо хона ва хӯроки гарм таъмин мекунанд, хуб истиқбол намуда, амали онҳоро намунаи ибрат барои дигарон хонд.

Лентаи хабарҳо
0