Трудовые мигранты, архивное фото

Русия депорти муҳоҷиронро муваққатан қатъ кард

484
(Таҷдидшуда 18:17 23.04.2020)
Тибқи фармони президент, аз 15 март то 15 июн Вазорати корҳои дохилӣ муҳоҷирини меҳнатиро аз Русия ихроҷ нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Русия ихроҷи муҳоҷиронро аз кишвар то 15 июн қатъ кард, гуфт Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия зимни як муроҷиаташ дар сомонаи ВКД.

Вай таъкид кардааст, ки ин тасмим тибқи фармони Президенти Федератсияи Русия гирифта шуда, аз 15 март то 15 июн, Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи депортатсия ва хориҷ кардани муҳоҷирон, қарор қабул намекунад.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ки ба Русия омадаанду муҳлати ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидан дорад, хавотир нашаванд.

"Аз 15 март то 15 июн патентҳо, иҷозатномаҳои корӣ, раводид, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, иҷозат барои истиқомат - ... ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 90 рӯз дароз карда мешаванд", - гуфт Казакова.
Ғайр аз он, вай шарҳ додааст, ки он ҳуҷҷатҳо, ки ҳоло дар дасти муҳоҷирон қарор доранд, бекор карда намешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар муддати муқарраршуда корфармоёни Русия метавонанд хориҷиёнро барои кор бидуни ҳуҷҷати иҷозатномаии кор ҷалб кунанд.

Хушхабар! ҳукумати Русия пардохти пули патентро бекор кард - видео

Ёдрас мешавем, ки 18 апрел сарвазири Русия Михаил Мишустин як қарори ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он мӯҳлати будубоши шаҳрвандон дар ин кишвар  90 рӯз ба таври автоматӣ дароз карда шуд.

Гуфта мешавад, тасмими мазкур барои дастгирии муҳоҷирон дар шароити душвори пешомада мебошад.

484
Барчаспҳо:
депорт, патент, муҳоҷирон, Русия
Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Даҳҳо тоҷики депортшуда аз Русия ба ватан баргаштанд: интиқоли шаҳрвандон идома дорад

664
(Таҷдидшуда 11:56 25.05.2020)
Ҳавопаймое, ки даҳҳо шаҳрвандони депортшударо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дод, аз бозгашт омӯзгорони русро ба ватани онҳо бурд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Шаби гузашта тавассути ҳавопаймои "Ют - Эйр" даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус ва баста шудани равобити ҳавоӣ дар Русия дармонда буданд, ба ватан интиқол ёфтанд.

Миёни мусофирони ин ҳавопаймо теъдоди афроди депортшуда аз Русия низ кам набуд.

Гуфта мешавад, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бозпас ба пеши хешу пайвандони худ баргаштанд, чиптаи ҳавопаймоиро худ харидорӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймои мазкур аз бозгашт омӯзгорони русро, ки дар Тоҷикистон ба таълими забони русӣ машғул буданд, ба ватани онҳо интиқол дод.

Росавиатсия мушкилии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Рӯзҳои наздик боз ду парвози дигар барои интиқоли  шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тавр, рӯзи сешанбе, 26 май, парвозҳо дар масири Душанбе - Красноярск ва Душанбе - Екатеринбург сурат мегирад.

Минбаъд, тибқи ҷадвали пешакӣ, 29 май парвози № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав сурат мегирад. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба Русия парвоз мекунад.

Ғайр аз ин, 30 май соати 19:00, парвози № SVR8880 самти Душанбе - Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт.

664
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, шаҳрвандон, интиқол, ҳавопаймо
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский в Таджикистане

Пешниҳоди Жириновский: вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия боздошта шавад

1568
(Таҷдидшуда 17:56 21.05.2020)
Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский бар ин бовар аст, ки ҷилавгирӣ намудан аз вуруди муҳоҷирон ба Русия барои нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони дохилӣ кӯмак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский дар пасманзари хуруҷи маризии сироятии коронавиус ба ҳукумати кишвараш пешниҳод намуд, ки аз вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Ба изҳори вай, чунин тадбир барои ҳифзи ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бумӣ кӯмак мекунад.

"Русияро шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ тарк карданд. Мо бояд омадани онҳоро маҳдуд кунем. Ҳоло сафи бекорон аз ҳисоби шаҳрвандони бумӣ афзоиш хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, бояд нахуст шаҳрвандони худро бо ҷойи кор таъмин кунем", - афзудааст Жириновский.

Ёди Жириновский аз сафараш ба Тоҷикистону пешниҳодаш барои кам кардани муҳоҷирони тоҷик

Пешниҳоди Владимир Жириновский дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан ҳукумати Русия  аз талаботи зиёд ба муҳоҷирони корӣ дар замони пандемия ва ҳатто баъди он, хабар дода буд.

Аз ҷумла, муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин қайд карда буд, ки аксарияти коргарони сохтмонҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ташкил медиҳанд ва Русия алъон ба онҳо зиёд ниёз дорад. 

Ба маълумоти ӯ, дар соҳаҳои гуногуни сохтмонӣ дар Федератсияи Русия дасти кам 8,9 миллион коргар фаъолият мекунанд, ки аз ин миён, 2 миллиони онро маҳз муҳоҷирон  ташкил медиҳанд.

1568
Барчаспҳо:
манъи вуруд, Русия, муҳоҷирон, пешниҳод, Владимир Жириновский

Назорати шабонарӯзӣ: муовинони вазир аз чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карданд

0
(Таҷдидшуда 11:10 26.05.2020)
Роҳбарияти вазорати тандурустӣ Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошнои пайдо кардан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран бо ин мақсад муовинони Вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни боздид аз марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ барои пешгирии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни боздид масоили таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур низ баррасӣ шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

0
Барчаспҳо:
Душанбе, беморхона, назорат, шабона, тандурустӣ, муассисаҳо, ошноӣ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон