Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково

Русия манъи вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш дароз кард

1749
(Таҷдидшуда 19:07 29.04.2020)
Маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия ба хориҷиёне, ки дар танзим ва нигоҳдории таҷҳизоти воридотӣ ширкат мекунанд, таъсир намерасонад

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия барои хориҷиён то он даме идома меёбад, ки вазъи эпидемиологӣ бинобар сабаби коронавирус беҳтар шавад, гуфт сарвазир Михаил Мишустин.

Ӯ гуфт, қаблан манъи вуруди хориҷиён ба Русия то 30 апрел муқаррар шуда буд, аммо чораҳо лозим аст дароз карда шаванд.

"Ман ба қарори ҳукумат имзо гузоштам, ки ин мӯҳлатро то ба анҷом расидани мубориза бар зидди сироят ва беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ тамдид мекунад",-гуфт сарвазир.

Аммо, Мишустин таъкид кард, ки маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия ба баъзе категорияҳои хориҷиён, аз ҷумла он мутахассисоне, ки дар танзим ва нигоҳдории таҷҳизоти воридотӣ ба кишвар машғуланд, таъсире нахоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, қаблан ҳукумати Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар муваққатан маҳдуд карда буд.

Манъи вуруд 18-уми март эътибор пайдо кард ва то 30 апрел пешбинӣ шуда буд.

 

1749
Барчаспҳо:
тамдид, вуруд, Ҳукумат, сарвазир, Русия
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия, акс аз бойгонӣ

Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

562
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир бархе афрод бо ваъдаи ташкили сафар ба Ватан тариқи автобусҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯиё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад, хабар додаст Сафорат.

“Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ, манъ аст”, - тавзеҳ додаст Сафаорат.

Намояндагии Тоҷикистон илова намуд, ки дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, расман шаҳрвандон хабардор карда мешаванд.

Ба шаҳрвандон барои гирифтани иттилои иловагӣ рақамҳои телефон, аз ҷумла дар Маскав,  +7 (926) 411 09 61, +7 (995) 501 87 33, +7 (985) 740 02 12,  +7 (495) 690-41-86, шаҳри Санкт-Петербург, +7 (961) 611 16 17, +7 (812) 490 47 46, шаҳри Уфа, +7 (347) 276 52 96, +7(927) 231 71 71, +7(927) 945 65 66, шаҳри. Екатеринбург, +7 (922) 115 33 19, +7 (343) 370 23 60 ва шаҳри Новосибирск рақамҳои +7 (913) 487 38 22, +7 (383) 349 59 70 пешниҳод шудаанд.

562
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, фиреб, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Молитва, архивное фото

Даргузашти Ҳоҷӣ Эҳсоншо, президенти “Ванҷ Фуд” аз коронавирус-акс

2521
(Таҷдидшуда 13:10 29.05.2020)
Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, президенти ширкати “Ванҷ Фуд”, ки моҳи равон ба синни 43 расид, бар асари коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Наздикони Мунавваров мегӯянд, ӯ қариб як ҳафтаи охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт ва соати 11 ба 12-и шаби гузашта дар шаҳри Твер ҷон дод.

Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба далели шуғлаш ба тиҷорат онро ба анҷом нарасондааст.

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, ки аз соли 1994 дар Русия қарор дошт, молики ду ширкат-Ванҷ Фуд ва “Арзан Голд” мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.  Ӯ маҳсулоташро бо унвонҳои “Дары Таджикистана”, “Таджикчай”, “Памир”, “Бунайчай” пешниҳод мекард.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Эҳсоншо Мунавваров барномаи хайрияи хешро дошт, ки ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер аз пешсафон буд.

Ӯ изҳор дошта буд, ки “ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад”.

2521
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

0
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон