Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Дар ҷустуҷӯи беморхона то охирин нафас: фавти модари 4 фарзанд дар Маскав

3456
(Таҷдидшуда 12:37 08.05.2020)
Пас аз ташхисҳои барзиёд, танҳо лаҳзае, ки нафаскашии Гулшан танг шуд ӯро бо ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурданд, фарзанди 7-моҳаашро тариқи ҷарроҳӣ аз батнаш гирифтанд ва пас аз 11 рӯзи нафаскашии сунъӣ ӯ вафот кард

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Хонаводаи Нурматовҳо ба хотири дарёфти шифо ба Русия омада буданд, вале Маскав барояшон хонаи ғам шуд. Чигуна хонаводаи тоҷики муқими Маскав мотамзада шуд ва чигуна одамон метавонанд дар кишвари бегона барои ҳамдигар чун модар меҳрубон шаванд.

Рӯзи 4 май, модари чор фарзанд Нурматова Гулшан Расулқуловнаи 35-сола дар Химкии Маскав фавтид. Бино ба гуфти наздикони марҳум сабаби марги ӯ бемории гурда будааст. Ҷасади ӯро рӯзи 5 май ҳамватанон дафн карданд. Дар ин бора Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳанги тоҷикон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода буд.

Аз ин зан чор фарзанд: духтари калонӣ, нобино - Севара (13 сола), Шерзод (12 сола), Иброҳим (8 сола) ва кӯдаки навзод Муҳаммад Салоҳ, ки 21 апрели соли ҷорӣ таваллуд шудааст, ятим монданд

Падари фарзандон Нурматов Дилшод Худойбердиевич дар Тоҷикистон буда ба сабаби баста будани роҳҳо омадан наметавонад. Ӯ ронанда аст ва ба мусофиркашонӣ машғул мебошад. Дилшод ҳамроҳи бародари марҳум авоили моҳи март ба Тоҷикистон мусофиронро бурда ва он ҷо мондааст.

Феълан парастории ин кӯдакони ятимро ҳамсоя ва зани меҳрубон, модари панҷ фарзанд - муаллимаи забони арабӣ дар яке аз мадрасаҳои Маскав - Дилноза Холматоваи 43-сола бар ӯҳда дорад.

Даъвати Ҳамроқулова барои кумак ба 4 ятим: модар дар Русия фавтиду падар дар Ватан монд

Sputnik Тоҷикистон бо Холматова суҳбат кард ва ҷузъиёти фоҷиаи хонаводаи Нурматовро пурсон шуд.

"Гулшан дар ин шаҳр танҳо бародаре дорад, ки аз сабаби набуди ҳуҷҷатҳо дар ҷое кор мекунаду ба ҳеҷ куҷо намеравад. Ӯ танҳо зимни дафни апааш омада буд. Мо бо ӯ ҳамсоя ҳастем. Ҳамин се сол мешавад, ки рӯзеро ҳам бе суҳбати якдигар намегузаронем. Вақте, соли гузашта марҳум модарашро аз даст дод, ба ман гуфт ту дар ин шаҳри бегона бароям чун модар ҳастӣ. Дар ҳамаи корҳо бо ман маслиҳат мекард. Агар чизе болаззат омода кунад албатта ба ман мефиристод. Ӯро хеле дӯст доштам“, - нақл кард Дилноза, бо ашки чашмон. 

Аз як беморхона ба дигар то нафаси охирин

Ба гуфти Дилноза, ҳарорати Гулшан рӯзҳои 14-15 апрел баланд шуд. Рӯзҳои аввал ӯ фикр кардааст, ки гузаранда аст, вале бо такрор шудани вазъ ба Дилноза занг зада ёрӣ хостааст. Ёрии таъҷилӣ зани ҳомиларо наздики ҳашт соат дар шаҳр гардонидааст, вале ҷое ӯро қабул накардаанд.

"Моро бо мошини ёрии таъҷилӣ наздики ҳашт соат дар шаҳр гардонданд. Дар ягон беморхона моро қабул накарданд, гуфтанд ҷой нест ва ҳам аз шаҳрвандии бемор пурсон мешуданд. Моро ба се беморхона бурданд, вале бенатиҷа. Аз 20:00 то 03:00 мо бо зани ҳомила савори ёрии таъҷилӣ будем. Ва танҳо ними шаб ночор ба хона бозгаштем".

Рӯзи дигар ҳарорати Гулшан боз баланд мешавад. Ӯ ёрии таъҷилӣ занг мезанад ва пизишкон омада ӯро сӯзандору мегузаронанд ва ҳарораташро муътадил мекунанд. Вале саломатии марҳум бад шудан мегирад.

"Онҳо фармуданд, ки шушҳояшро фавран аз ташхиси компютерӣ гузаронем. Мо поликлиникаҳои хусусиро гаштем вале ҷое наёфтем, ҳамаҷо маҳкам буд. Пас дигар ташхисҳо, аз қабили ташхиси хун, гурда  гузаронидем, ки ҳамааш хуб буд. Рӯзи дигар боз занг заду гуфт нафаскашияш беҳад вазнин аст ва ӯ худро бад эҳсос мекунад. Ёрии таъҷилӣ омада ӯро зери асбоби нафасдиҳӣ ба 110 километр шимолтар аз Маскав, ба Талдом вилояти Маскав бурд. Он ҷо ӯро қабул накарданд, пасон ба Сергей - Посад фиристодаанд. Он ҷо ӯро қабул карданд, ки аллакай аҳволаш хеле вазнин буд", - нақл кард Дилноза.

Чун аҳволи марҳум бад будааст, пизишкон ӯро барои гузаронидани ҷарроҳӣ ба бемористони дигаре дар Одинсово равон кардаанд. Он ҷо фарзанди 7-моҳаи марҳумро аз батни модар ҷудо кардаанд ва кӯдакро ба беморхонаи ноҳияи Сергей- Посади вилояти Маскав дар суроғаи деҳаи Скоропусковский, 97 бозгардонидаанд. Худи Гулшан дар бемористон 11 рӯзи дигар таҳти асбоби нафасдиҳии сунъӣ будааст ва рӯзи 4 май вафот кардааст.

Дилноза мегӯяд, кӯдак бояд моҳи июн таваллуд мешуд, соли гузашта 12 июн, Гулшан як писарашро аз даст дода будааст, ӯ аз тиреза сарозер шуда ба ҳалокат расидааст.

Муҳаммад Салоҳ 1,9 кило таваллуд шудааст ва то имрӯз аллакай вазн гирифта 2,5 кило мебошад. 

"Аҳволаш хуб аст, насиб бошад пас аз 15 рӯз бояд ӯро ҷавоб диҳанд", - гуфт Дилноза аз қавли пизишкон.

Муҳоҷират ба хотири шифо 

Хонаводаи Нурматовҳо соли 2009 ба хотири дарёфти шифо - ҷарроҳии чашмони Севараи 13-сола, ки аз модар нобино таваллуд шудааст, ба Русия омада буданд. Падар дар бахши мусофиркашонӣ кор мекунаду марҳум ба тарбияи фарзандонаш машғул будааст. 

"Онҳо зиндагии хуб доштанд. Дилшод ва Гулшан ҳамдигарро дӯст медоштанд, ҳурмат мекарданд. Ин ҷо хонаи шахсӣ доранд. Аслан барои ҷарроҳии чашмони духтарашон омаданд", - гуфт Дилноза аз қавли Гулшан.

Вале то ҳол Севараи 13-сола барои ҷарроҳӣ омода нест, барои ин ҳам маблағ лозим аст ва ҳам бояд синну сол ва вазни духтар мувофиқ шавад.

"Ман тасми дорам ҳамаи он пулҳое, ки имрӯзҳо ҳамватанон ва шахсони хайрхоҳ барои кӯдакони марҳум мефиристанд барои ҷарроҳии Севара ҳазина шавад. Ният дорам, Дилшод кӣ омад албатта дар ин бора бо ӯ сухан хоҳам кард", - гуфт Дилноза.

Дунё бе одамони хайрхоҳ нест

Дилноза Каримоваи 43-сола ки алъон парастории фарзандони марҳумро бар ӯҳда дорад, мегӯяд аз лаҳзаи аввал, ки хабари фоҷиабори ин хонавода расонаӣ шуд, ҳамагӣ ба ӯ занг мезананд, изҳори ҳамдардӣ мекунанд ва кумак мерасонанд.

"Медонед, дар чунин вазъияти сахт, ёфт мешаванд, нафароне, ки хайрхоҳ ҳастанд, меҳрубонанд. Ба ман як зан занг зада гуфт маблағи охирине, ки дар картааш буд, фиритсод ва хеле гирист. Ман барои ҳар яки онҳо изҳори сипос мекунам", - гуфт Дилноза.

Айни ҳол фарзандони Гулшан дар манзилашон ба сар мебаранд. Севара, ки нобино аст намехоҳад ба дигар хона равад, чун бо ҷою макони худ ошно аст ва метавонад дар хонааш озодона рафтор кунад. Дилноза, ки дар ҳамосягии онҳо ба сар мебарад, мегӯяд барои нигоҳубини онҳо зани тоҷикеро ба сифати момодоя кироя кардаанд ва худ зуд-зуд аз аҳволашон бохабар мешавад.

Дилноза шаҳрванди Қирғизистон аст ва падари хонадон эътимодномаро барои парастории се фарзандаш ба номи Янгилдина Танзила (ба хотири доштани шаҳрвандӣ - шарҳ аз идора) фиристодааст.

Парастори хонавода Дилноза мегӯяд, ба Севараи нобино ва се бародараш бетардид модар лозим аст. Кӯдакон то ҳол аз фоҷиаи рухдода хабар надоранд ва дар интизори модарашон ҳастанд.

3456
Барчаспҳо:
фавт, вируси нав, вирус, ҳомила, ташхис, беморхона, беморхона, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия, акс аз бойгонӣ

Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

550
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир бархе афрод бо ваъдаи ташкили сафар ба Ватан тариқи автобусҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯиё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад, хабар додаст Сафорат.

“Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ, манъ аст”, - тавзеҳ додаст Сафаорат.

Намояндагии Тоҷикистон илова намуд, ки дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, расман шаҳрвандон хабардор карда мешаванд.

Ба шаҳрвандон барои гирифтани иттилои иловагӣ рақамҳои телефон, аз ҷумла дар Маскав,  +7 (926) 411 09 61, +7 (995) 501 87 33, +7 (985) 740 02 12,  +7 (495) 690-41-86, шаҳри Санкт-Петербург, +7 (961) 611 16 17, +7 (812) 490 47 46, шаҳри Уфа, +7 (347) 276 52 96, +7(927) 231 71 71, +7(927) 945 65 66, шаҳри. Екатеринбург, +7 (922) 115 33 19, +7 (343) 370 23 60 ва шаҳри Новосибирск рақамҳои +7 (913) 487 38 22, +7 (383) 349 59 70 пешниҳод шудаанд.

550
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, фиреб, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Молитва, архивное фото

Даргузашти Ҳоҷӣ Эҳсоншо, президенти “Ванҷ Фуд” аз коронавирус-акс

2514
(Таҷдидшуда 13:10 29.05.2020)
Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, президенти ширкати “Ванҷ Фуд”, ки моҳи равон ба синни 43 расид, бар асари коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Наздикони Мунавваров мегӯянд, ӯ қариб як ҳафтаи охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт ва соати 11 ба 12-и шаби гузашта дар шаҳри Твер ҷон дод.

Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба далели шуғлаш ба тиҷорат онро ба анҷом нарасондааст.

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, ки аз соли 1994 дар Русия қарор дошт, молики ду ширкат-Ванҷ Фуд ва “Арзан Голд” мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.  Ӯ маҳсулоташро бо унвонҳои “Дары Таджикистана”, “Таджикчай”, “Памир”, “Бунайчай” пешниҳод мекард.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Эҳсоншо Мунавваров барномаи хайрияи хешро дошт, ки ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер аз пешсафон буд.

Ӯ изҳор дошта буд, ки “ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад”.

2514
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

0
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

0