Полиция проверяет московский рынок Садовод. Архивное фото

Муҳоҷирон дар назди бозор дар Маскав даст ба эътироз заданд

564
Издиҳоми муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ҳамсуд дар наздикии бозори "Фуд-Сити" дар Маскав даст ба тазоҳурот заданд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар назди яке аз бозорҳои Маскав "Фуд Сити" муҳоҷирон тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд, хабар медиҳад "Москва 24".

Манбаъ менависад, хабарҳое расиданд, ки чанде аз шаҳрвандони хориҷӣ даст ба бетартибӣ мезананд. Ба ҷойи қазия кормандони мақомот расида, дахолат кардаанд.

Шумораи дақиқи эътирозгарон маълум нест, аммо бино бар иттилои шоҳидон, шумораи муҳоҷирон ба садҳо нафар баробар буд.

Бино бар маълумоти пешакӣ эътирози муҳоҷирон баъди боло бурдани арзиши иҷрораи ҷои савдо аз ҷониби соҳибони бозор ба миён омадааст.

Аммо роҳбарияти "Фуд Сити" ин иддаоро рад карда, гуфтааст, ки сабаби эътирози савдогарон нарасидани ҷой барои онҳо буд.

Бино бар изҳороти роҳбарияти бозор барои савдогарон растаҳои иловагии савдо ташкил мешавад.

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

Полис ва Росгвардия эътирози муҳоҷиронро парешон кардаанд. Феълан вазъ дар наздикии бозор ором аст.

564

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

387
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

387

Русия афви сартосарии муҳоҷиронро баррасӣ дорад: Вазир аз камии муҳоҷирон гуфт

2047
(Таҷдидшуда 21:07 02.06.2020)
Вазоратҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва корҳои дохилии Русия сари тағйири сиёсат дар умури муҳоҷират кор карда истодаанд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Антон Котяков, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, гуфт, дар бархе минтақаҳои кишвар аллакай камбуди шадиди муҳоҷирон эҳсос мешавад.

“Вазъ дар умури муҳоҷирон вобаста ба минтақаҳои Русия гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар қисме аз минтақаҳо аллакай норасоии шадиди муҳоҷирон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузоштаамон, эҳсос мешавад”, - изҳор дошт Котяков.

Вазири меҳнати Русия таъкид кардааст, ки феълан якҷо бо ВУД тағйирот дар умури муҳоҷиратро баррасӣ доранду ояндаи наздик пешниҳодоти мушаххасро ироа хоҳанд кард.

Қаблан РИА Новости бо такя ба ВУД Русия аз эҳтимоли афви сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи пандемия то 12 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, ки аз ин танҳо 2.5 миллион нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.

“Пешниҳод шуд, ки дар Русия афви сартосарӣ эълон карда шавад, то муҳоҷироне, ки ғайрирасмӣ ё нимарасмӣ дар Русия қарор доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Ҳамин тариқ сабти оммавии давлатӣ амалӣ  карда шавад”, - иттилоъ дода буд ВУД.

Манбаъ таъкид карда буд, ки феълан ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

2047
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

199
(Таҷдидшуда 19:40 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фуӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

199
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон