Дар хобгоҳи вилояти Ленинград 12 муҳоҷир мубталои COVID - 19 шуд

259
(Таҷдидшуда 12:35 20.05.2020)
Феълан рафтуомад ба хобгоҳе, ки дар он 60 нафар ба сар мебарад муваққатан маҳдуд кардаанд ва аз ҳамаи онҳо ташхиси COVID - 19 гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар хобгоҳи деҳаи Гореловои вилояти Ленинград, 12 муҳоҷир мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба ситоди фаврии минтақавӣ.

Феълан рафтуомад ба хобгоҳ муваққатан маҳдуд карда шудааст. Маълум шуда, ки дар ин хобгоҳ 60 нафар ба сар мебурдааст.

Сироятшавии 66 муҳоҷири тоҷик ба COVID - 19 дар Маскав: омори Созмони "Нур"

Аз ҳамаи онҳо ташхиси COVID - 19 гирифтаанд, вале натиҷааш то ҳол маълум нест.

Ёддрас мешавем, ки пештар 123 муҳоҷир дар хостели ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград гирифтори коронавирус шуда буданд.

Дастгирии муҳоҷирон: созмони "Нур" ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд

Барои табобати онҳо дар назди хостел беморхонаи саёйр сохтанд. Чанде пеш хабар дода шуд, ки хушбахтона ҳамаи муҳоҷирон шифо ёфтаанд.

Вале, яке аз беморон, ки муҳоҷир аз Ӯзбекистон будааст, натавонист бар ин вабои аср пирӯз шавад ва ҷони худро аз даст дод.

259
Барчаспҳо:
вируси нав, гирифторони беморӣ, гирифторон, вилояти Ленинград, муҳоҷир
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

999
(Таҷдидшуда 15:37 27.10.2020)
Русия имкониятҳои дақиқи иҷозати ширкатҳои бузурги сохтмониро барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ фаъолона таҳия мекунад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Русия масъалаи имтиёзҳои иловагӣ барои корфармоён, ки муҳоҷиронро киро мекунанд, ҳалли худро меёбад, гуфт муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар форуми таҳиягарон ва меъморон Forbes.

Ширкатҳои бузурги сохтмонӣ мумкин аст барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ тибқи рӯйхатҳо иҷозат гиранд.

Стасишин қайд кард, ки пеш аз ҳама, ин тағиротҳо ба имкони таъмини вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дахл хоҳад дошт.

Ин ҳатто дар вазъияти душвори эпидемиологӣ вуруди мӯътадили муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Дар баробари имкониятҳои иловагӣ, корфармоён барои тамоми занҷири амнияти саломатии муҳоҷирон масъуланд: "аз лаҳзаи қабули қарори вуруд - то лаҳзаи бозгашти онҳо ба хона".

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аз ҷумла корфармоён оид ба санҷиши муҳоҷирон барои коронавирус масъуланд.

999
Барчаспҳо:
корҳои сохтмонӣ, муҳоҷирин, Русия, Тоҷикистон
Строительство нового дома в Душанбе

Фоҷеа: дар Петербург муҳоҷири тоҷик зери оҳану бетон ҳалок шуд

194
(Таҷдидшуда 17:46 24.10.2020)
Ҳодисаи фоҷеабор бо муҳоҷири тоҷикистонӣ дар майдони сохтмоние дар ноҳияи Муринои Санкт-Петербург рух додааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар сохтмоне дар Мурино як коргар дар натиҷаи сарозер шудани маснуоти оҳуну бетонӣ ҳалок шуд, хабар медиҳад вебгоҳи 78.ru дар истинод ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик замони иваз кардани чархи мошин дар Маскав: ҳамагӣ 39- сол дошт

Ҳодиса дар шаҳраки Металлострой тақрибан соатҳои 12-и рӯзи 23 октябр рух додааст.

Тавре расонаҳои Петербург гузориш медиҳанд, ба болои коргаре, ки ба ҷамъоварии партов машғул будааст, маснуоти оҳуниву бетонӣ сарозер шудааст.

Ҳарчанд расонаҳо аз ҳувияти марди тоҷикистонӣ чизе наменависанд, гуфта мешавад, ӯ 40 сол доштааст.

Ҳалокати муҳоҷири 23 солаи тоҷик бар асари зарбаи шадиди барқ дар Петербург

Танҳо маълум аст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта барои кор вуруди Русия шуда буд.

194

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ