Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия, акс аз бойгонӣ

Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

643
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир бархе афрод бо ваъдаи ташкили сафар ба Ватан тариқи автобусҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯиё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад, хабар додаст Сафорат.

“Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ, манъ аст”, - тавзеҳ додаст Сафаорат.

Намояндагии Тоҷикистон илова намуд, ки дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, расман шаҳрвандон хабардор карда мешаванд.

Ба шаҳрвандон барои гирифтани иттилои иловагӣ рақамҳои телефон, аз ҷумла дар Маскав,  +7 (926) 411 09 61, +7 (995) 501 87 33, +7 (985) 740 02 12,  +7 (495) 690-41-86, шаҳри Санкт-Петербург, +7 (961) 611 16 17, +7 (812) 490 47 46, шаҳри Уфа, +7 (347) 276 52 96, +7(927) 231 71 71, +7(927) 945 65 66, шаҳри. Екатеринбург, +7 (922) 115 33 19, +7 (343) 370 23 60 ва шаҳри Новосибирск рақамҳои +7 (913) 487 38 22, +7 (383) 349 59 70 пешниҳод шудаанд.

643
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, фиреб, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

46
(Таҷдидшуда 17:57 11.08.2020)
Вуруд ва бурун рафтан аз бозори "Теплий стан" дар шаҳри Маскав муваққатан масдуд гардид. Иллати баста шудани бозор ба шикори муҳоҷирони ғайриқонунӣ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар бозори "Теплий стан" - и шаҳри Маскав алъон рейди кормандони пулис алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷараён дорад.

Даромад ва баромади мардум ба бозори мазкур муваққатан масдуд гардидааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд

Зикр мегардад, ки рейди мазкур ба хотири дастгир намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ пиёда гардидааст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршудагоне, ки дар сохтакории як қатор ҳуҷҷатҳо ва мӯҳрҳо машғул буданд, ҳоло дастгир карда мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, амалиёти мазкур дар ҳамкории пулис бо Хадамоти федеролии Русия ва Росгвардия сурат мегирад.

Тибқи гузоришҳои тасдиқнашуда, ин рейд метавонад ба бархӯрди байни муҳоҷирон ва полис дар авоили моҳи август бастагӣ дошта бошад.

46
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, муҳоҷирон, Маскав, баста, бозор

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

581
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

581
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен