Похороны человека умершего от заражения вирусом, архивное фото

Ҷасади донишҷӯи тоҷик, ки дар Уфа кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дод, ба ватан интиқол меёбад

1415
(Таҷдидшуда 15:27 10.06.2020)
Ҷасади донишҷӯйи тоҷик, ки дар Уфа як кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дод, тариқи парвози махсус ба ватан интиқол дода мешавад

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бар тибқи хабари расонаҳои дохилӣ, интизор меравад дар ояндаи наздик ҷасади донишҷӯи тоҷик аз Уфа ба Тоҷикистон интиқол ёбад.

Гуфта мешавад, ҷасади ӯро тариқи парвози махсус ба ватан мефиристанд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи соли аввал кӯдакеро дар Уфа аз ғарқшавӣ наҷот доду худ ба ҳалокат расид.

Ин фоҷиа дар дарёи Белийи шаҳри Уфа рух дод.

Марги мармузи муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар ҳамоми фабрикаи мурғпарварӣ

Ҳоҷимурод Қаландаров ҷавони 18-солаи тоҷик, хатмкардаи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон мебошад. Ӯ барои таҳсил ба шаҳри Уфа омада буд.

Рӯзи 7 июн ҷавони тоҷик дар соҳили дарё истироҳат мекард, ки дид кӯдаке дар об ғарқ мешавад. Ӯ дарҳол худро ба дарё андохт ва кӯдакро ба соҳил баровард, вале худ натавонист наҷот ёбад.

Наҷотдиҳандагон пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади ҷавонро аз дохили об пайдо карданд.

1415
Барчаспҳо:
Уфа, тоҷик, донишҷӯ, ҷасад
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

158
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

158

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

385
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

385
Дмитрий Гусев

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

0
(Таҷдидшуда 16:32 11.07.2020)
Чаро дар Тоҷикистон нархи гази моеъ якбора боло рафт, шарҳ дод Дмитрий Гусев, ноиби президенти Иттифоқи сӯзишвории мустақил, директори генералии ICON Trading

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ беш аз 65% боло рафтааст. Дар нимаи моҳи май арзиши сӯзишворӣ барои як литр 2,5 сомонӣ буд ва дар нимаи аввали моҳи июл он ба 3,8-4 сомонӣ боло рафт.

Ноиби президенти Иттиҳоди мустақили сӯзишворӣ, директори генералии ICON Trading Дмитрий Гусев ду сабаби болоравии нархи ин навъи сӯзишвориро номбар кард.

"Гази моеъ маҳсулоти иловагии коркарди гази ба ҳам алоқаманд аст. Ҳам дар Русия ва ҳам Қазоқистон, мувофиқи қарори ОПЕК, ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфт. Мутаносибан, ҳаҷми истеҳсол ва коркарди гази ба ҳам алоқаманд кам карда шуд. <...> Яъне тамоюли умумии ҷаҳонӣ ба самти болоравии нарх ва коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот дар Русия ва Қазоқистон ба чунин баландшавии нархҳо дар самти Осиёи Марказӣ оварда расонд », гуфт коршинос дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз боло меравад?

Гусев тахмин зад, ки нархи гази моеъ то лаҳзаи ҳал шудани масъалаҳо бо ОПЕК оид ба тағир додани квотаҳои истеҳсолӣ баланд боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон, вай қайд кард, ки гази моеъ, ҳамчун сӯзишвории автомобилӣ, алтернатива надорад.

Тоҷикистон тасмим дорад дар соли равон аз Узбакистон бештар гази табиӣ харад

"Метан мувофиқ аст, аммо он таҷҳизоти алоҳида аст ё бензин, ки қиматтар аст. <...> Дар ҳар сурат, LPG аз бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзон аст. Аз ин рӯ, ҳатто бо болоравии нарх, арзиши он аз бензин зиёд нахоҳад буд ва бинобар ин, дар ҳар сурат, ҳатто агар он нарх баланд шуда бошад ҳам, барои аҳолӣ фоидаовар хоҳад буд ", хулоса кард коршинос.

0