Ҷасади 50 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Ватан расид

486
(Таҷдидшуда 17:56 21.06.2020)
Ҷасади шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон пас аз чаҳор рӯз ба Ватан оварда шуд, то хешовандон имкон дошта бошанд, ки онҳоро дафн кунанд

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik.  Ҷасади 50 нафар шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

“20 июни соли ҷорӣ 50 ҷасади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҷон бохта буданд, бо нақлиёти автомобилии махсус ба Ватан оварда шуданд”,-гуфтааст вазорат.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабабҳои марги шаҳрвандонро мушаххас накардааст.

Гуфта мешавад, оварддани ҷасади муҳоҷирон  бо мусоидати ҳамватани саховатпешаи муқими Русия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем қаблан Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Этмос" дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шоми 15 ба 16 - уми июн  тариқи мошини боркаши яхдондор, тобути 50 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Маскав ба ватан фиристода шуд.

486
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

180
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

180

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

419
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

419
Сейсмография, архивное фото

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

0
Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир мебошад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир мебошад.

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

0
Барчаспҳо:
такон, марказ, заминҷунбӣ, Тоҷикистон