Колодец, архивное фото

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

548
(Таҷдидшуда 10:06 03.07.2020)
Ду муҳоҷири тоҷик ҳангоми кандани чоҳ дар Русия бар асари ба болояшон чаппа шудани пораи хок дар зери он фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik.  Ҳодис ҳангоми кандани ҷоҳи чуқурияш ҳафтметира дар кӯчаи Морская пехотаи деҳаи Пигелевои вилояти Ленингради рух додааст, хабар медиҳад "78.ru" аз ҷойи ҳодиса.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумотҳои пешакӣ ин ду зодаи Тоҷикистон 30 ва 40 сола будаанд.

Ба гуфти корфармо, нафари аввали то шаш метир чоҳро меканад, ки болояш хок мерезад ва дуввуми барои наҷоти ӯ мефарояд, аммо ӯ низ зери хок мемонад.

Гуфта мешавад, кормандони ҳолатҳои фавқулодда барои наҷоти онҳо ҳарчанд талош мекунадад, аммо зинда гирифта наметавонан.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади муҳоҷирон нимашаб аз хок бароварда мешавад.

 

548

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

572
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

572
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

231
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

231
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

0
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм