Президент РФ В. Путин

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

2170
(Таҷдидшуда 17:54 04.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия барои рушди иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо лоиҳакашони ислоҳоти конститутсионӣ.

"Русия ба воридшавии муҳоҷирон манфиатдор аст, вале ба онҳое, ки ба кишвар лозиманд.<...> Русия ба воридшавии шаҳрвандони ҷадид ниёз дорад.<...> Чизе, ки ба иқтисод вобаста аст, комилан возеҳ аст ва пас аз чанде боз норасоии қувваи корӣ аёнтар хоҳад шуд", - гуфт президент.

Путин нарасидани қувваи кориро барои пешрафти иқтисоди кишвар монеъаи ҷиддӣ хонда аз онро аз мушкилоти мубрам гуфт.

Паспорта РФ в процессе производства
© Sputnik / Владимир Астапкович

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки  Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ, ниёз дорад.

Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки дар раванди ҷалби муҳоҷирон набояд ҳуқуқи шаҳрвандони Русия нақз шавад.

Путин афзуд, ки Русия бамаротиб хостори воридшавии донандагони забони русӣ ва фарҳанги ин кишвар аст.

2170
Барчаспҳо:
муҳоҷират, баррасии воридшавӣ, муҳоҷирон, Владимир Путин

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

158
(Таҷдидшуда 17:39 12.08.2020)
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сарҳади Русия ҷамъ омада буданд, берун карда шуданд, аммо мақомоти минтақа барои пешгирии такрори ин ҳолат чораҳо меандешанд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Дар маҷмӯъ, то 7 август беш аз ду ҳазор шаҳрванди Узбакистон ва инчунин тақрибан сад шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Русия ва аз вилояти Самара хориҷ карда шуданд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара Олга Галтсова хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бурдани шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси марҳилаҳо сурат гирифта, мувофиқи омадани онҳо ба сарҳади Русия амалӣ карда шуд.

Номбурда гуфт, барои онҳое, ки меомаданд, лагери хаймаҳо бо тамоми шароити зарурӣ ташкил карда шуда буд.

Ба гуфти ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳавопаймо рӯзи 28 июл аз Қазон интиқол доданд ва охирин гурӯҳи муҳоҷирони ӯзбекро 7 август ба кишварашон сафарбар кардаанд.

Аммо эҳтимолияти он, ки муҳоҷирон ба доми қаллобон афтода, дубора ба сарҳади Русия биёянд, боқӣ мемонад, афзудааст Олга Галтсова.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

"Бо мақсади пешгирии ҷамъшавии минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Болшечерниговски вилояти Самара ва инчунин ҷилавгирӣ аз кӯшиши воридшавии онҳо ба қаламрави вилояти Оренбург, постгоҳи назоратӣ таъсис дода шуд", гуфтааст манбаъ.

158
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, муҳоҷирон, марз, Самара, Русия
Мард, акс аз бойгонӣ

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

427
(Таҷдидшуда 15:25 12.08.2020)
Бобораҷаб Ҷавлиев, ки қариб 20 соли пеш аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, феълан хотираашро аз даст дода, дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Қазоқистон мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҷавлиев бори охир соли 2012 ба хонааш занг зада, хабар додааст, ки дар шаҳри Тула мебошад ва баъд аз он дигар бедарак шудааст.

Ҷавлиев дар Тоҷикистон волидон, зану ду фарзанд дорад, ки тайи 8 соли охир аз ӯ паёме нагирифтанд, гузориш дод шабакаи телевизионии Мир.

Маълум шудааст, ки Ҷавлиев ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст, ки дар натиҷа хотираашро аз даст додаст. Ӯ мегӯяд, чӣ гуна дар Қазоқистон қарор гирифтанашро дар хотир надорад. Дар ин кишвар ба ӯ сокини маҳаллӣ Леонтий Демяшев сарпаноҳ додааст ва бо мурури бозгашти қисмани хотира Ҷавлиев тасмим гирифтааст, ки ба ватан назди хонаводааш баргардад.

Феълан Ҷавлиев дар боздоштгоҳи махсус барои шаҳрвандони бидуни аснод қарор дорад ва масъалаи бозгашти ӯ дар баррасии мақомоти Қазоқистону Тоҷикистон мебошад.

427
Барчаспҳо:
бедарак шудан, муҳоҷир, Тоҷикистон-Русия-Қазоқистон

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

0
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол