Даъвати Ҷабборзода аз мақомоти Русия : мушкилоти муҳоҷиронро ҳал кунед

© Министерство труда РТЗаседание министра труда, миграции и занятости РТ с руководством управления министерства внутренних дел РФ
Заседание министра труда, миграции и занятости РТ с руководством управления министерства внутренних дел РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Русия мушкилии муҳоҷирони меҳнатиро дар замони ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Душанбе рӯзи 7 июл мулоқоти мустақими вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо муовини сардори сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба муҳоҷират  Демиденко Дмитрий Павлович доир гардид.

Министр труда Таджикистана Джабборзода Гулру - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии Гулрӯ Ҷабборзода бо сафири Фаронса

Бино ба гузориши Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, дар кори нишаст масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилии кишвар, роҳбари  намояндагии ВКД Русия  дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират ширкат кардаанд.

Дар ин дидор, ҷараёни таҳияи лоиҳаҳои Созишномаҳои байни Ҳукумати Тоҷикистон  ва Ҳукумати Русия дар самти муҳоҷират, вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, бахусус дар замони ҳамагирии COVID-19 ва такмили раванди табодули иттилоот мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Гулрӯ Ҷабборзода  аз вазъи феълии ҳамкориҳои мақомоти ҳарду ҷониб, ки дар асоси муносибатҳои дустонаи роҳбарияти олии кишварҳо сурат мегирад ва баҳри беҳдошти вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон равона гардидааст, ёдовар шудааст.

Демиденко Дмитрий Павлович оид ба тадбирҳои Ҳукумати Русия ҷиҳати дастрас шудани якқатор имтиёзҳо вобаста ба будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити паҳншавии коронавирус, аз ҷумла тамдиди муҳлати санадҳои бақайдгирӣ ва фаъолияти меҳнатӣ муфассал иттилоъ дод.

"Вазир  оид ба бархе мушкилоти ҷойдошта, ки муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра  рубарў гаштанд, изҳори ақида карда, даъват ба амал овард, ки баҳри ҳалли онҳо мақомоти масъулини Русия мусоидат намояд", - омадааст дар хабарнома.

Дар навбати худ, роҳбарияти мақомоти муҳоҷирати Русия изҳор намуд, ки то 15 сентябр тамдид шудани муҳлати санадҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, инчунин, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин муддат имконияти мусоидро ҷиҳати барасмиятдарории низоми ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо ҷиҳати самарабахш анҷом додани ин мақсадҳо таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоърасониро дар ин самт зарур шумориданд.

Дар ин мулоқот мувофиқа шуд, ки  баҳри ҳалли масоили ҷойдошта дар самти марбута мулоқоти мустақими ҷонибҳо пайваста доир гардида, масъалаҳои рўзмарра дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0