Трудовые мигранты, архивное фото

Дар Ӯзбекистон ба муҳоҷирон барои роҳпулӣ ва патент қарзи имтиёзнок медиҳанд

148
(Таҷдидшуда 15:02 18.08.2020)
Мақомоти Ӯзбекистон нақша доранд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои пардохти хароҷоти сафар ба ҷои кор, инчунин патент ва суғурта, то як ҳазор доллар ҷудо кунанд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.  "Муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон барои пардохти маблағи рафтан ба ҷои кор ва инчунин патент ва суғурта то $ 1000 қарз мегиранд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуоти президент, Шавкат Мирзиёев.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотӣ, Мирзиёев рӯзи 17 август конфронси видеоӣ бахшида ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ӯзбекони бурунмарзӣ, ки дар хориҷа кор мекунанд, баргузор намудааст.

"Бояд қайд кард, ки дар таърихи Ӯзбекистон ин масъала бори аввал дар чунин формат муҳокима карда шуд", - омадааст дар паёми анҷоми мулоқот.

"Ба масъулин дастур дода шуд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳаҷми то 10 миллион сӯм (тақрибан 1000 доллар) қарзҳои камфоиз барои хароҷоти сафар, хароҷоти вобаста ба гирифтани патент ва суғурта ҷудо карда шаванд", - омадааст дар иттилоия.

Ғайр аз он, гуфтушунид бо корфармоёни калон дар хориҷа барои зиёд кардани қувваи кории мутахассисон дар назар аст.

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳ

Мирзиёев инчунин ба ҳукумат дастур дод, ки барномаи алоҳидаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккилро таҳия кунад. Барнома мавзӯъҳои таълими касбӣ ва забон, ташаккули малакаҳои кор дар хориҷа, хароҷоти сафар, гирифтани патент, суғурта, нафақа ва қарзҳоро дар бар мегирад.

Ҷамъиятшинос: баъзан ба русҳо назар ба муҳоҷирон, кор ёфтан мушкилтар аст

Барнома чораҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамватанон тавассути комиссияҳои байниҳукуматӣ ва механизмҳои қарздиҳии онҳо тавассути бонкҳои хориҷиро муайян хоҳад кард.

148
Барчаспҳо:
қарз, кор, суғурта, патент, муҳҷирон

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

1793
(Таҷдидшуда 12:13 27.09.2020)
Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён ҳастанд, шарҳ дод хостгор ва ровӣ Роза Сябитова

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи "Давай поженимся" хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои "Давай поженимся" шарҳ дод.

Ровӣ як намоиши телевизиониро мисол овард ва гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй намекунанд, ки ба ватани худ баргарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд.

Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.

Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид.

Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони хурдсоли синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо бетаваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне, ки тасмим гирифтанд, барои худ карера созанд  ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд, дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд", гуфт Сябитова.

Ҳамзамон, ровии телевизион қайд кард, ки ин тамоюл комилан муқаррарист ва занон набояд аз интихоби худ шарм доранд.

1793
Барчаспҳо:
издивоҷ, муҳоҷирон, Русия
Посольство Республики Таджикистан в Москве

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

2739
Муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард, иттилоъ дод РИА Новости.

Яке аз ҷабрдидаҳо, мутахассиси пешбари сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад, ки дасту бинияш шикаста, осеби майнаи сар бардоштааст. Ҷабрдидаи дигар ронанда будааст, ки мақоми дипломатӣ надошта ва ҷароҳати ҷисмонӣ низ набардоштааст, хабар дод ожонси хабарии “Москва”.

Аз ҳамлагар шаҳрванди бекормандаи Тоҷикистон зикр мешавад, ки соли таваллудаш 1982 мебошад.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

2739
Барчаспҳо:
сафорат, дипломатия, Тоҷикистон
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон