Рахмон Ульмасов, архивное фото

Улмасов: аз кушодани биржаи меҳнатии Русия дар Тоҷикистон то орзуи мансабдорону коршиносон

352
Раҳмон Улмасов,  коршиноси тоҷик дар умури муҳоҷират шарҳ дод,  ки барои рушди низоми муҳоҷирати меҳнатӣ байни Тоҷикистон ва Русия чӣ кор кардан мумкин аст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ӯзебакистон бо ҷониби Русия барои амалӣ кардани имкони гирифтани патент мустақиман дар қаламрави ҷумҳурӣ гуфтушунид дорад.

Мавқеи Ӯзбакистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират орзуи деринаи бисёр коршиносон ва мансабдорон, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ аст, гуфт мутахассис оид ба муҳоҷирати дар Тоҷикистон, муаллифи китобҳои "Ҳама одамон дар рӯи замин муҳоҷиранд" ва "Муҳоҷират рамзи давр аст" Раҳмон Улмасов дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон.

Бо вуҷуди ин, коршинос илова намуд, ки барои татбиқи чунин ғояҳо вақт лозим аст ва дар баъзе минтақаҳо санҷишҳои гузаронидан лозим аст.

"Масъалаи ифтитоҳи биржаи меҳнатии Русия дар Тоҷикистон, барвақт ба миён омадааст, то мардум тавонанд ҷойи корро дар ин ҷо интихоб кунанд ва вақте шумораи муайяни одамон барои кор гирифта мешаванд, онҳоро омода кард ва ба таври муташаккил ба Русия мутахассисонро фиристод" гуфт коршинос.

Дадабоева: Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳоло мушкили муҳоҷиратро ҳал намекунанд

Улмасов қайд кард, ки чунин нақша ҳам барои кордиҳандагон ва ҳам худи муҳоҷирон қулай хоҳад буд. Ва оилаи муҳоҷир медонад, ки ӯ дар куҷо кор ва зиндагӣ мекунад.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Барои татбиқи чунин биржаи меҳнатӣ коршинос ду роҳи имконпазирро пешниҳод кард: истифодаи грантҳо ё сармоягузориҳо аз ҷониби корфармоёни ҳавасманд.

352
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон
Судебный молоток, архивное фото

Гумонбар дар куштори Ҳувайдои 5-сола, ба додгоҳ кашида мешавад

597
(Таҷдидшуда 18:27 30.09.2020)
Гумонбари куштори духтари 5-солаи тоҷик, Александр Сёмин, ки бемор арзёбӣ мешуд, эҳтимол пас аз ду моҳ ба додгоҳ кашида шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Пизишкон вазъи равонии Александр Сёминро, ки дар куштори духтари панҷсолаи тоҷик айбдор мешавад, муътадил арзёбӣ карданд. Дар ин бора ҳимоятгари хонаводаи Тиллозода - Шавкат Умаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мешавем, ки 30 сентябри соли гузашта муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи куштори Ҳувайдо аз ҷониби додгоҳи вилояти Маскав қатъ карда шуда, айдборшаванда барои табобат ба беморхонаи Смоленск равон карда шуд.

Чуноне ҳимоятгар гуфт, пизишкон ба хулоса омаданд, ки Сёмин дигар ба табобат ниёз надорад. Ва аз ҷониби додгоҳи шаҳри Сичевки табобати иҷборӣ қатъ карда шуд. Вале, ҳимоятгарони Сёмин аз рӯи ин қарор шикоят бурданд.

Гумонбар ба куштори Ҳувайдои 5 - сола ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд

Ба гуфти ҳимоятгар барои баррасии ин шикоят асос кам аст ва он ду-се ҳафта давом хоҳад кард.

"Ва агар додгоҳ қарорро бекор накунад, Сёмин паси панҷара меравад", - гуфт Умаров.

Ба гуфти ӯ ҳамаи далелҳои парванда ҷамъ карда шудаанд ва барои тафтишоти пурра боз ду моҳи дигар лозим аст.

"Пас аз ду моҳ парвандаи Сёмин дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд", - хулоса кард ҳимоятгар.

Ёдовар мешавем, ки Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 - сола то ҳол дар яке аз бемористонҳо касалии рӯҳӣ дар Смоленск қарор дорад.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

597
Барчаспҳо:
додгоҳ, куштор, Ҳувайдо, Ҳувайдо, Русия
Мавзуъ
"Иғво аст": пулисе, ки хунукназариаш боиси куштори Ҳувайдо шуд, дар озодӣ монд
Қазияи Ҳувайдо: дастур аз Тоҷикистон ба дипломатҳо ва таҳдид ба Саидов баъди пешниҳоди пул
Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд
Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад
Подписания Меморандума между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Международным центром развития миграционной политики

Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

177
(Таҷдидшуда 15:45 29.09.2020)
Ин масъаларо Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон бо Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба имзо расид.

Бино ба гузоиши Вазортаи меҳнат ва муҳоҷират, ин ёддошт рӯзи 25 сентябр имзо шуд.

Зимни ба имзо расонидани санади мазкур, Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ва Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) зикр намуданд, ки Ёддошти мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Вазорат ва Маркази мазкур дар самти муҳоҷират заминаи мусоид мегузорад.

Гуфта мешавад, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми зикршуда, баргузории як қатор чорабиниҳо барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи кишвар ва баъди бозгашт ба Ватан дар назар аст.

Ҳамчуни дар доираи ин санад, баргузор намудани семинарҳои омўзишию тренингҳо барои  кормандони  сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, омўзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда  ҷиҳати  ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ, пешбинӣ мегардад.

"Дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур, аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, Маркази захираҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд.

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

Фаъолияти МБРСМ  ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба  барои  таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо  равона шуда, он бунёди дарозмуддати  ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардидааст.

177
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Русия, муҳоҷират
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

0
(Таҷдидшуда 16:56 01.10.2020)
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
артиш, даъват, Бадахшон, Тоҷикистон