Мужчина у окна, архивное фото

Ҳабси абад: ҷазои Саъдуллоев барои пора-пора кардани Садуллоев дар Русия ва фирор ба Ватан

3835
(Таҷдидшуда 16:37 05.09.2020)
Додгоҳи вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоевро дар қатли Садуллоев Идибек дар қаламрави Русия гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Саъдулоев санаҳои 12-13 апрели соли 2017 ҳамроҳ бо Садулоев Идибек дар ҳудуди ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дошта, бинобар хусумати шахсӣ ҳадаф гузоштааст, ки Идибекро ба ҳалокат расонад.

Манбаъ афзуд, ки  Саъдуллоев бо роҳи буғӣ кардан, Садуллоевро куштаст.

“Баъдан дар давраи аз 12.04.2017 то соати 15:50 дақиқаи 13.04.2017 Саъдулоев  бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят бо асбоби тези ба тафтишот номаълум узвҳои ҷасади Садулоевро бурида, дар борхалтаҳои полиэтиленӣ ҷой кардааст”, - иттилоъ дод додситонӣ.

Мақомот таъкид карданд, ки Саъдуллоев рӯзи дигар, 14 апрели соли 2017 тариқи ҳавопаймо аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Душанбе баргашта, минбаъд ба Федератсияи Русия нарафтааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон Саъдуллоевро дар одамкушӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

3835
Барчаспҳо:
қатл, ҳалокат, куштор, Русия, Тоҷикистон
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Бино бар пандемия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав бекор монданд

385
(Таҷдидшуда 18:55 16.09.2020)
Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони пандемия бекор монданд ва теъдоди ками онҳо барои худ пул захра карда буд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи таҳлилҳои Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.

Коршиносон миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав назарсанҷӣ анҷом доданд.

Зимни назарсанҷӣ маълум шуд, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ ё ба рӯхсатии бардавом меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ равон карда шуданд.

Ҳамзамон зимни ин назарсанҷи маълум шуд, ки танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 13 дарсади муҳоҷирон корӣ барои муҳлати дарозтар пули бештар захира кардаанд.

Ҳамчунин зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи “КП” раиси федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, гуфт аксари муҳоҷирон омода буданд, пулҳояшонро сарфа кунанд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирон мехостанд пандемияро дар Маскав  паси сар кунанд то барои кор ба кишварҳои мухталиф нараванд.

“Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасид. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”, - таъкид дошт Коженов.

Вай илова кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори монанд баргарданд.

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул  меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳао ба Маскав меоянд ва мегуянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед ман аз ин ҷо  ҳеҷ куҷо намеравам”, таъкид кард раиси раиси федератсияи муҳоҷирони Русия.

385
Барчаспҳо:
теъдод, захира, пул, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷират, Маскав, Русия
Процедура дактилоскопии, архивное фото

Аз изи ангушт то...: генерал Казакова гуфт, муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна назорат мешаванд

349
(Таҷдидшуда 10:51 13.09.2020)
Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова, зимни як нишасти гуфт, ки муҳоҷирон  чигуна назорат мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Валентина Казакова гуфт, ки тамоми технологияҳои нави мавҷуда аз ҷониби Раёсати муҳоҷират барои назорати омадани хориҷиён ба қаламрави Русия истифода мешаванд.

Сардори Сарраёсати муҳоҷират гуфт, ки муҳоҷирони зиёде, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, маълумотҳои муқаррарии худро тағир додаву дубора меоянд.

Аммо, тавре Казакова қайд кард, маълумоти изи ангуштро фиреб додан мумкин нест.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки зарурати гузаштани изи ангушт ба тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки зиёда аз 30 рӯз меоянд, вуҷуд дорад.

Инчунин, барои ҳисоб кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аллакай ба Русия ворид шудаанд, системаи шинохти чеҳра истифода мешавад.

Казакова: пандемия Русияро ба соддагардонии ҳаёти муҳоҷирон водор кард

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки барои ҳамаи онҳое, ки ба Русия меоянд, инчунин ташхиси тиббӣ талаб карда мешавад.

Ӯ гуфт, вақти он расидааст, ки чизеро тағир диҳем ва онро ба самти беҳтар равона созем.

349
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон