Международный аэропорт Шереметьево. Архивное фото

Бағоҷи пурарзиш: боздошти зодаи Тоҷикистон барои талоши интиқоли 2 миллиони нақд аз Русия

386
(Таҷдидшуда 09:49 09.09.2020)
Кормандони гумрук як миллионерро боздошт карданд, ки мехост миқдори зиёди пулро аз марз интиқол диҳад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Кормандони фурудгоҳи “Домодедово” як шаҳрванди Тоҷикистонро бо пули калон боздошт кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти гумруки “Домодедово”

Ба иттилои манбаъ, мардро дар долони "сабз" боздошт карданд, ки мехост аз Маскав ба Душанбе парвоз кунад.

Мусофир кӯшиш кардааст, ки пули нақдии беш аз ду миллион рублро бидуни расмиёти гумрукӣ интиқол диҳад, афзудааст, манбаъ

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда талош кардааст, дар бағоҷаш 27 386 доллари ИМА 77 сентро берун бароранд, ки ин аз меъёри муқарраршудаи 10 ҳазор доллари ИМА зиёд аст.

Гуфта мешавад, барои чунин қоидавайронкунӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон ҷарима пешбинӣ шудааст, ки бар асоси он ӯ 653 ҳазор рублро аз даст хоҳад дод.

386
Барчаспҳо:
миллион, рубл, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон
Посольство Республики Таджикистан в Москве

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

1679
Муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард, иттилоъ дод РИА Новости.

Яке аз ҷабрдидаҳо, мутахассиси пешбари сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад, ки дасту бинияш шикаста, осеби майнаи сар бардоштааст. Ҷабрдидаи дигар ронанда будааст, ки мақоми дипломатӣ надошта ва ҷароҳати ҷисмонӣ низ набардоштааст, хабар дод ожонси хабарии “Москва”.

Аз ҳамлагар шаҳрванди бекормандаи Тоҷикистон зикр мешавад, ки соли таваллудаш 1982 мебошад.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

1679
Барчаспҳо:
сафорат, дипломатия, Тоҷикистон
Подпись документов

Путин сабукиҳои карантиниро барои муҳоҷирон тамдид кард: то 15 декабр

567
(Таҷдидшуда 12:14 24.09.2020)
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия то 15 декабри соли равон тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин сабукиҳои қарантиниро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия то 15 декабр тамдид кард.

Ҳуҷҷати зерин дар портали ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мутобиқи фармони роҳбари Федератсияи Русия, мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ва мӯҳлати сабти номашон дар маҳалли будубош то 15 декабр тамдид карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то миёнаҳои моҳи декабр аз Русия муҳоҷирон депорт кард намешавад.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия дар давраи ҳамагирии коронавирус ду маротиба муҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷиро тамдид карда буд.

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Пештар барои муҳоҷирон то 15 июн ва баъд то 15 сентябр муҳлати буду бош тамдид карда шуд.

567
Барчаспҳо:
буду боши хориҷиён, тамдиди буду бош, Владимир Путин, тамдид, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

20
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, аз 30 апрел то 25 сентябр ба 9 ҳазору 562 нафар расида, аз ин беш аз 87 дарсадашон шифо ёфтаанд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 8 ҳазору 341 нафар ё худ 87,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 74 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 98 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

20
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, беморӣ, Тоҷикистон