Подпись документов

Путин сабукиҳои карантиниро барои муҳоҷирон тамдид кард: то 15 декабр

670
(Таҷдидшуда 12:14 24.09.2020)
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия то 15 декабри соли равон тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин сабукиҳои қарантиниро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия то 15 декабр тамдид кард.

Ҳуҷҷати зерин дар портали ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мутобиқи фармони роҳбари Федератсияи Русия, мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ва мӯҳлати сабти номашон дар маҳалли будубош то 15 декабр тамдид карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то миёнаҳои моҳи декабр аз Русия муҳоҷирон депорт кард намешавад.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия дар давраи ҳамагирии коронавирус ду маротиба муҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷиро тамдид карда буд.

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Пештар барои муҳоҷирон то 15 июн ва баъд то 15 сентябр муҳлати буду бош тамдид карда шуд.

670
Барчаспҳо:
буду боши хориҷиён, тамдиди буду бош, Владимир Путин, тамдид, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (799)
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

194
Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар 18 минтақаи кишвар барои муҳоҷирон Маркази имдодрасонӣ ифтитоҳ мекунад. Ба ин марказ тамоми муҳоҷирон новобаста аз дину миллаташон метавонанд муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Русия Маркази ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ифтитоҳ мешавад, гузориш медиҳад РИА Новости.

Афзун бар марказ, барои муҳоҷирон телефони боварӣ фаъол шуд, ки онҳо новобаста аз миллат ва мазҳабашон метавонанд ба он занг зада, кӯмак дарёфт кунанд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки барои муроҷиат будубоши қонунӣ ё ғайриқонунии муҳоҷирон муҳим нест.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия Албир Крганов ин лоиҳа дар 18 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст.

"Дар давоми чанд ҳафта мо сомонаи "Росмигрант.рф"-ро бо чанд забон роҳандозӣ мекунем. Дар он ба масоили муҳоҷиратӣ маълумот дода, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳояшон тариқи WhatsApp, Viber ё тариқи паёмак посух гиранд", - қайд мекунад Крганов.

Ҳамчунин вай таъкид кард, ки ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд бояд кӯмак кард, то тибқи қонунгузории кишвар будубошашонро қонунӣ кунанд. 

 

Крганов гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо ин муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

"Мо ҳама якҷо барои ҳалли мушкилии эшон кӯшиш хоҳем кард, зеро мақсади мо кӯмак аст, на ҷарима ва ё ихроҷ", - мегӯяд муфтӣ.

Дар навбати худ Шӯрои уламои мусалмонони Русия бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, ВКД, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ҳамкорӣ мекунад.

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

Ин амал ифротгароиро ва ҷиноятро пешгирӣ мекунад ва муносибатҳои байниқавмӣ ва байни мазҳабиро қавӣ мегардонад ва боиси зудтар одат кардани муҷоҳирон ба муҳити Русия мегардад.

Крганов дар анҷом қайд кард, ки дар давоми пандемияи коронавирус шӯро ба муҳоҷирон кӯмаки моддӣ низ расонмида буд.

194
Руки в наручниках, архивное фото

Силоҳ: боздошти ду тоҷикистонӣ дар Маскав ва Петербург

390
(Таҷдидшуда 16:19 18.10.2020)
Дар ду шаҳри бузурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад  даст дар истифодаи силоҳи оташфишон доштаанд, боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мақомоти қудратии Русия дар шаҳрҳои Маскав ва Русия чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, хабар медиҳад "Фантанка".

Бино бар иттилои манбаъ, амалиёти вижа, ки мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳр ва вилоят ва ҳамчунин мутахассисони бозҷӯии Маскав анҷом доданд, ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд.

 Дар рафти тафтишот дар манзили муҳоҷирон силоҳ ва адабиёти мамнӯи экстремистӣ пайдо намуданд.

Яке аз тоҷикистониён дар Русия ғайриқонунӣ қарор дошта, бидуни ягон ҳуҷҷат будубош доштааст. Яке аз онҳо дар Маскав сабтином шудааст.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Бино бар иттилои пешакӣ, боздоштшудагон эҳтимол дар ҳамлаҳои ғоратгарона, ки дар авалҳои тирамоҳ дар Петербург сурат гирифта буд, даст доштанд.

Он замон ғоратгарон дар рӯй ниқоб аз як ширкати сохтмонӣ 1 миллин рублро рабуда буданд. Дар пайи ин ҳодиса шаҳрвандони Ӯзбекистон дастгир шуданд.

 

390
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0