Мэр Москвы Сергей Собянин

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

650
(Таҷдидшуда 00:02 17.10.2020)
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, пойтахти Русия аз набуд ва коҳиши муҳоҷирон дар давраи ҳамагирӣ ба чӣ мушкиле мувоҷеҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Хуруҷи муҳоҷирон дар даври ҳамагирӣ албатта ба Маскав таъсир мекунад, гуфт Сергей Собянин дар суҳбат бо ТАСС.

"Мушкилот мешавад. Ин дар воқеъ чунин аст, барои он ки мо ҳар зимистон гурӯҳҳои нави корӣ аз ҷумла барои маркази шаҳр, ба кор қабул мекунем. Сухан дар бораи ҳазорон одам меравад, ки ин корро анҷом медиҳанд", - қайд кард мири шаҳр.

Собянин афзуд, ки қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон ҳам намерасад.

Дар Маскав низоми дуркорӣ ҷорӣ шуд

"Мушкил ин аст, ки марзҳо бо кишварҳое баста шудаанд, ки аз он ҷо бештари қувваи корӣ ба сохтмон меомад. Ва муттассифона, онҳоро қувваи кории Русия иваз карда наметавонад", - нақл кард шаҳрдори Маскав.

Сиёсатмадор илова намуд, ки русиягиҳо барои кор дар чунин шароит омода нестанд.

"Шӯхӣ нест"! Нигаронии Собянин аз вахим шудани вазъи коронавирус дар Маскав

Норасоии дасти муҳоҷиронро дар соҳаи сохтмон Собянин аз мушкилоти асосии Маскав номид ва гуфт, ки даҳҳо ҳазор коргар дар ин соҳа намерасад.

Бино ба пешбинии шаҳрдор масъалаи норасоии муҳоҷирон дар соҳаи сохтмон соли оянда ҳал хоҳад шуд.

650
Барчаспҳо:
Маскав, муҳоҷирон, Сергей Собянин
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

186
Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар 18 минтақаи кишвар барои муҳоҷирон Маркази имдодрасонӣ ифтитоҳ мекунад. Ба ин марказ тамоми муҳоҷирон новобаста аз дину миллаташон метавонанд муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Русия Маркази ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ифтитоҳ мешавад, гузориш медиҳад РИА Новости.

Афзун бар марказ, барои муҳоҷирон телефони боварӣ фаъол шуд, ки онҳо новобаста аз миллат ва мазҳабашон метавонанд ба он занг зада, кӯмак дарёфт кунанд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки барои муроҷиат будубоши қонунӣ ё ғайриқонунии муҳоҷирон муҳим нест.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия Албир Крганов ин лоиҳа дар 18 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст.

"Дар давоми чанд ҳафта мо сомонаи "Росмигрант.рф"-ро бо чанд забон роҳандозӣ мекунем. Дар он ба масоили муҳоҷиратӣ маълумот дода, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳояшон тариқи WhatsApp, Viber ё тариқи паёмак посух гиранд", - қайд мекунад Крганов.

Ҳамчунин вай таъкид кард, ки ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд бояд кӯмак кард, то тибқи қонунгузории кишвар будубошашонро қонунӣ кунанд. 

 

Крганов гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо ин муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

"Мо ҳама якҷо барои ҳалли мушкилии эшон кӯшиш хоҳем кард, зеро мақсади мо кӯмак аст, на ҷарима ва ё ихроҷ", - мегӯяд муфтӣ.

Дар навбати худ Шӯрои уламои мусалмонони Русия бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, ВКД, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ҳамкорӣ мекунад.

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

Ин амал ифротгароиро ва ҷиноятро пешгирӣ мекунад ва муносибатҳои байниқавмӣ ва байни мазҳабиро қавӣ мегардонад ва боиси зудтар одат кардани муҷоҳирон ба муҳити Русия мегардад.

Крганов дар анҷом қайд кард, ки дар давоми пандемияи коронавирус шӯро ба муҳоҷирон кӯмаки моддӣ низ расонмида буд.

186
Руки в наручниках, архивное фото

Силоҳ: боздошти ду тоҷикистонӣ дар Маскав ва Петербург

388
(Таҷдидшуда 16:19 18.10.2020)
Дар ду шаҳри бузурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад  даст дар истифодаи силоҳи оташфишон доштаанд, боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мақомоти қудратии Русия дар шаҳрҳои Маскав ва Русия чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, хабар медиҳад "Фантанка".

Бино бар иттилои манбаъ, амалиёти вижа, ки мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳр ва вилоят ва ҳамчунин мутахассисони бозҷӯии Маскав анҷом доданд, ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд.

 Дар рафти тафтишот дар манзили муҳоҷирон силоҳ ва адабиёти мамнӯи экстремистӣ пайдо намуданд.

Яке аз тоҷикистониён дар Русия ғайриқонунӣ қарор дошта, бидуни ягон ҳуҷҷат будубош доштааст. Яке аз онҳо дар Маскав сабтином шудааст.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Бино бар иттилои пешакӣ, боздоштшудагон эҳтимол дар ҳамлаҳои ғоратгарона, ки дар авалҳои тирамоҳ дар Петербург сурат гирифта буд, даст доштанд.

Он замон ғоратгарон дар рӯй ниқоб аз як ширкати сохтмонӣ 1 миллин рублро рабуда буданд. Дар пайи ин ҳодиса шаҳрвандони Ӯзбекистон дастгир шуданд.

 

388
Офис в здании МИА Россия сегодня в Москве.

Тоҷикистон мехоҳад дуркориро қонунӣ кунад

0
(Таҷдидшуда 16:03 20.10.2020)
Вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаи қонунӣ намудани кори фосилавӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар ҷаласаи рӯзи 19 - уми октябр вакилони парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" - ро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон. 

Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки бар асоси он ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид гардид.  Аз ҷумла ҷорӣ намудани мафҳуми "кори фосилавӣ" мебошад.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба "бекорӣ", "кори мувофиқ" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ" мебошанд, дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон сархати нуҳум бо мазмуни "кори фосилавӣ" илова карда шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазъи шадиди COVID - 19 дар Русия: 16 ҳазор мариз ва фавти 179 кас дар як рӯз

Зимнан, дар шаҳри Маскав бар тибқи қарори Сергей Собянин низоми дуркориро тамдид карда шуд.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - таъкид мешуд дар қарори Собянин

Ба гуфти раиси шаҳр, барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

0
Барчаспҳо:
кор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон