Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЖенщина убирает опавшие с деревьев
Женщина убирает опавшие с деревьев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коҳиши якбораи шумораи муҳоҷирон дар Маскав ба шуғл дар хадамоти шаҳрӣ таъсир расонидааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.  Соли 2020 шумораи муҳоҷирон дар Маскав 40% коҳиш ёфтааст, гуфт мири шаҳр Сергей Собянин.

Письмо из листьев: как мигрант-дворник борется с коронавирусом - видео - Sputnik Тоҷикистон
Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ ба шуғл дар хадамоти шаҳр таъсир гузоштааст.

"Мушкиле вуҷуд дорад - дар Маскав муҳоҷирон хеле кам ҳастанд, 40 фоиз. Ин ба бозори меҳнат таъсир мерасонад, алахусус ба он корҳое, ки муваққатан ишғол карда мешаванд, масалан тоза кардани барф. Ин кори дастӣ: бел, ҷорӯб, пора. На ҳама москвагиҳо барои чунин кор омодаанд"- шарҳ дод Собянин.

Қаблан раиси шаҳр таваҷҷӯҳро ба хуруҷи муҳоҷирон аз Маскав ҷалб карда буд.

Ӯ гуфт, ки вазъ аз пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, ки ба ин далел Русия маҷбур буд ҳаракати ҳавоии байналмилалиро бубандад.

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Дар натиҷа, ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд барои кор ба кишвар ворид шаванд. Илова бар ин, бисёр хориҷиён дар ин замон дар пайи ихтисорҳо бекор буданд.

Соянин қаблан низ гуфта буд, ки норасоии дасти муҳоҷиронро дар соҳаи сохтмон аз мушкилоти асосии Маскав аст, ки даҳҳо ҳазор коргар дар ин соҳа намерасад.

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Бино ба пешбинии шаҳрдор масъалаи норасоии муҳоҷирон дар соҳаи сохтмон соли оянда ҳал хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0