Замена летней резины на зимнюю

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик замони иваз кардани чархи мошин дар Маскав: ҳамагӣ 39- сол дошт

614
(Таҷдидшуда 16:46 21.10.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши иваз ва бод пур кардани чархи мошин дар Маскав ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштааст, шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи ҳодисаи нохуше дар яке аз устохонаҳои таъмири мошин дар Маскав ҳалок шуд.

Ба иттилои манбаъ, зодаи Тоҷикистон ҳамагӣ 39 сол доштааст.

Гуфта мешавад, муҳоҷир ҳангоми ивази чархи мошин, ки таркидааст ба ҳалокат мерасад.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

"Марде, ки дар таъмиргоҳи чархи мошинҳо (шиномонтаж) кор мекард, бинобар риоя накардани чораҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо таҷҳизот барои шинондани чархҳо ҳалок шуд. Ӯ чархи мошинро дар роҳи мошингард иваз кард", - гуфтааст манбаъ.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Тибқи маълумоти пешакӣ, худи мард чархи мошинро бод пур кардааст.

614
Барчаспҳо:
фавт, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон

Қатар бори дигар таъкид кард, ки ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад

396
(Таҷдидшуда 14:23 03.12.2020)
Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват намуд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин нукта ахиран зимни баргузории  ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар, баён гардид.

Гуфта шудааст, ки ин масъаларо Шаҳноза Нодирӣ, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳайати Давлати Қатар, ки ба  таври фосилавӣ баргузор  шуд, баррасӣ кард.

Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин самт дастовардҳои назаррасро соҳиб мебошанд.

Ҳамчунин дар  мулоқот оид ба ҳамкории муштарак ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои тарафайн дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуда, баргузории мулоқоти фосилавиро барои муътадил гардонидани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни гуфтушуниди фосилавӣ масъалаҳои  ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар,  бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи  гурӯҳи корӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои мулоқот барои татбиқи босамари санади ҳамкории мазкур  тасмим гирифта шуд, ки новобаста аз пандемияи коронавируси COVID-19 нақшаи кории муштараки дуҷониба дар муддати кӯтоҳтарин таҳия ва баҳри татбиқи амалии он тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида шаванд.

396
Барчаспҳо:
меҳмонхона, кор, сайёҳӣ, сохтмонӣ, Қатар, Тоҷикистон
Министр строительства и ЖКХ России Ирек Файзуллин и посол Таджикистана Имомуддин Сатторов

Сатторов бо роҳбари Вазорати сохтмони Русия тақдири муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард

367
(Таҷдидшуда 13:54 02.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия оид ба вазъ дар соҳаи сохтмон ва муҳоҷират зимни як нишаст дидору мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов рӯзи гузашта бо Вазири сохтмон, манзил ва коммуналии Русия, Ирек Файзуллин мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.

Ҷонибҳо, аз ҷумла сафари гузаштаи раҳбари парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба Маскав ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои ӯро бо намояндагони мақомоти Русия муҳокима кардаанд.

Дар муколама бо вазири Русия, Сатторов имкониятҳои сармоягузории нави тиҷорати Русияро дар бахши сохтмон, саноат ва дигар лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон баррасӣ кард.

Мавзӯи асосии музокирот, муҳоҷирон ва таъсири онҳо ба соҳаи сохтмон буд. Тарафҳо вазъи кунунии бозорро бо сабаби пандемияи коронавирус, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷамъшударо баррасӣ карданд.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Ҳамзамон мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро, ки бо сохтмон, нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ алоқаманданд, баррасӣ шудаанд.

Крупнов: низоми супоридани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон дар Русия шаффофтар мешавад

Сатторов ва Файзуллин ба механизмҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаи ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз Тоҷикистон барои кор дар сохтмонҳои Русия диққати махсус доданд, мегӯяд дафтари матбуотии Вазорати сохтмони Русия.

 

367
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Имомуддин Сатторов, Русия, Тоҷикистон
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

0
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

0
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон