Жириновский: бештар ба Русия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро даъват кунед - навор

5592
(Таҷдидшуда 11:08 04.11.2020)
Владимир Жириновский, раиси ҳизби либерал демократи Русия дар як барномаи телевизионӣ хостори ҷалби бештари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон шуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Владимир Жириновский дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Владимир Соловев изҳор дошт, ки агар Русия ба коргар ниёз дошта бошад, бигзор бештар аз Тоҷикистон ҷалб шаванд.

“Русия метавонад интихоб кунад. Бештари муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз Тоҷикистон ҷалб шаванд”, - гуфт Жириновский.

Ҳамзамон раиси ҳизби либерал демократи Русия дар посух ба суоли Владимир Соловёв, илова кард, ки ӯ дар сафари охираш ба ҷумҳурӣ дар ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ карда ба тавофуқ расидааст.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Гулру Ҷабборзода, сардори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тӯли шаш моҳ 129 ҳазору 807 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд.

Ҷабборзода гуфт, ин рақам нисбат ба соли гузашта 57% камтар аст. Ӯ гуфт, агар маълумотҳои омориро муқоиса намоем, пас дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор нафар камтар муҳоҷирон камтар барои дарёфти кор ватанро тарк кардаанд.

Номбурда гуфт, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои кор ба Русия рафтанд, ки теъдоди он ба  117 ҳазор мерасад.

5592
Барчаспҳо:
Владимир Жириновский, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон
Рубль, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои ситондани пул аз ҳамватан дар Русия

243
(Таҷдидшуда 20:18 28.11.2020)
Як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамватанаш бо истифодаи зӯроварӣ ҳамаи маблағҳои доштаашро ситондааст. Муттаҳам боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург наздики 150 ҳазор рубл ситонда шудааст, хабар дод ФАН бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҷабрдида дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштааст, ки ӯро гурӯҳи муҳоҷирон мавриди фишор қарор додаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки амали ин гуруҳро як нафар роҳбарӣ менамудааст.

Манбаъ афзуд, ки нахуст аз ҷабрдида 50 ҳазор рублашро гирифта, баъдан маҷбур кардаанд, ки боқимондаи пулро аз корти бонкияш гирифта диҳад.

Дар маҷмӯъ маблағе, ки аз ҷабрдида ситонда шудааст, 149 ҳазор рублро ташкил додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки муттаҳам дар ташкили ғоратгарӣ боздошт шудааст. Муайян гардидааст, ки ӯ ҳамватани ҷабрдида буда, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

243
Трудовые мигранты, архивное фото

Бозгашт ба Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст

309
Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз масирҳои Ӯзбекистону Қирғизистон хароҷоти камтари маблағ дорад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар ҳоле ки  чиптаи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ҳудуди 395 евроро ташкил медиҳад, бозгашт ба Тоҷикистон тариқи шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст, хабар додаст сомонаи Парстудей.

Манбаъ афзуд, қимати билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубли русӣ аст ва тоҷикҳо ҳазор то ҳазору 500 рубли дигарро барои ронандагони таксиҳо то марзи Тоҷикистон пардохт мекунанд.

“Ҳамчунин тоҷикҳои дорои тобеияти Русия, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба Қирғизистон меоянд, аз шаҳри Уши ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон барои хадамоти таксӣ 150 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзудааст, ки парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 8 то 15 ҳазор рубл арзонтар тамом мешавад.

Қаблан далели гарон будани нархи чиптаҳоро масъулини ширкати тоҷикистонӣ ба пур кардани танҳо 60 дарсади сандалиҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19, гаронии сӯхт ва ҳазинаҳои ҷонибӣ ба манзури хариди маводи зиддиуфунӣ унвон мекунанд

309
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон