Мигранты в России

Дар Русия барои муҳоҷирони таксирон маҳдудият ҷорӣ мешавад

706
(Таҷдидшуда 14:11 09.11.2020)
Раҳбарияти вилоятҳои бузурги Русия барои ҷорӣ кардани маҳдудият дар кори муҳоҷирони таксирон ба ҳукумат муроҷиат карданд

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Ба сарвазири Русия, Михаил Мишустин пешниҳод шудааст, ки иҷозаи кор дар таксиҳо ба унвони худкор, танҳо ба шаҳрвандони Русия дода шавад ва ба муҳоҷирон танҳо дар мақоми соҳибкори инфиродӣ, менависад Ведомости.

Муроҷитаномаи мазкурро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов ва раҳбарияти вилоёти Маскав ва Ленинград Александр Воробев ва Александр Дрозденко имзо кардаанд.

Пешниҳодот ба ҳукумати ФР равон карда шудааст, ки дар доираи баррасии тарҳи қонун дар бораи кор дар таксиҳо дар Думаи давлатӣ пурра карда мешавад.

Маълум шуда, ки ба тарҳи қонун меъёре илова шудааст, ки ба ронандагоне, ки режими махсуси андозбандии "Андоз аз даромади касбӣ" -ро интихоб кардаанд, иҷозат кор медиҳад. То ҳол, қонунгузории амалкунанда истифодаи худкориро барои ҳамлу нақли таксӣ бидуни соҳибкорони инфиродӣ иҷозат намедиҳад.

Раҳбарияти ширкатҳои бузурги вилоятҳои Русия барои ҷорӣ кардани маҳдудият дар кори муҳоҷирони таксирон ба ҳукумат муроҷиат карданд.

Коҳиши назарраси муҳоҷирини корӣ дар Русия: омори ВКД

Ин тағйирот ба ҳиссаи бештари ронандагони таксӣ аз ҳисоби муҳоҷирон рабт дорад, ки гуфта мешавад, бозори меҳнати шаҳрвандони Русияро танг карда 50 дарсади ронандагони таксиро ташкил медиҳанд.

Дар муроҷиатнома омада, ки дар ҳамин чаҳор манотиқи кишвар 178 ҳазор таксӣ фаъол аст, ки 45% аз шумораи умумии онҳо дар саросари Русияро ташкил медиҳад.

Эҳтимол меравад, ки мақоми худкор ҳамчунин ба шаҳрвандони кишвари узви Иттиҳоди УрОсиё - Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон дода шавад.

Казакова роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандии Русияро нишон дод

Дар ин миён ширкатҳои "Яндекс.Такси" ва "Ситимобил" гузашти ронандагонро ба худкорӣ дастгирӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд ин кор дар соҳаи ҳамлу нақлро шаффофтар мекунад.

706
Барчаспҳо:
такси, муҳоҷират, Русия

Қатар бори дигар таъкид кард, ки ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад

1286
(Таҷдидшуда 14:23 03.12.2020)
Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват намуд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин нукта ахиран зимни баргузории  ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар, баён гардид.

Гуфта шудааст, ки ин масъаларо Шаҳноза Нодирӣ, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳайати Давлати Қатар, ки ба  таври фосилавӣ баргузор  шуд, баррасӣ кард.

Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин самт дастовардҳои назаррасро соҳиб мебошанд.

Ҳамчунин дар  мулоқот оид ба ҳамкории муштарак ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои тарафайн дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуда, баргузории мулоқоти фосилавиро барои муътадил гардонидани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни гуфтушуниди фосилавӣ масъалаҳои  ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар,  бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи  гурӯҳи корӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои мулоқот барои татбиқи босамари санади ҳамкории мазкур  тасмим гирифта шуд, ки новобаста аз пандемияи коронавируси COVID-19 нақшаи кории муштараки дуҷониба дар муддати кӯтоҳтарин таҳия ва баҳри татбиқи амалии он тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида шаванд.

1286
Барчаспҳо:
меҳмонхона, кор, сайёҳӣ, сохтмонӣ, Қатар, Тоҷикистон
Министр строительства и ЖКХ России Ирек Файзуллин и посол Таджикистана Имомуддин Сатторов

Сатторов бо роҳбари Вазорати сохтмони Русия тақдири муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард

403
(Таҷдидшуда 13:54 02.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия оид ба вазъ дар соҳаи сохтмон ва муҳоҷират зимни як нишаст дидору мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов рӯзи гузашта бо Вазири сохтмон, манзил ва коммуналии Русия, Ирек Файзуллин мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.

Ҷонибҳо, аз ҷумла сафари гузаштаи раҳбари парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба Маскав ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои ӯро бо намояндагони мақомоти Русия муҳокима кардаанд.

Дар муколама бо вазири Русия, Сатторов имкониятҳои сармоягузории нави тиҷорати Русияро дар бахши сохтмон, саноат ва дигар лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон баррасӣ кард.

Мавзӯи асосии музокирот, муҳоҷирон ва таъсири онҳо ба соҳаи сохтмон буд. Тарафҳо вазъи кунунии бозорро бо сабаби пандемияи коронавирус, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷамъшударо баррасӣ карданд.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Ҳамзамон мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро, ки бо сохтмон, нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ алоқаманданд, баррасӣ шудаанд.

Крупнов: низоми супоридани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон дар Русия шаффофтар мешавад

Сатторов ва Файзуллин ба механизмҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаи ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз Тоҷикистон барои кор дар сохтмонҳои Русия диққати махсус доданд, мегӯяд дафтари матбуотии Вазорати сохтмони Русия.

 

403
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Имомуддин Сатторов, Русия, Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Русия гуфт ваксинааашро чандпулӣ мефурӯшад

0
(Таҷдидшуда 10:49 04.12.2020)
Арзиши ваксинаи коронавируси “Спутник V”- и Россия барои як воя на кам аз 10 доллар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ин бора зимни Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Россия (ФСМР) зимни рӯнамоии ваксинаи нав дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ хабар дод.

Кирилл Дмитриев гуфтааст, ваксинаи сохти Россия дар муқоиса бо дигар ваксинаҳо яке аз арзонтаринҳо хоҳад буд ва қарор аст он ба тамоми кишварҳо бо як нарх настрас гардад.

Номбурда гуфт, ҳамзамони имкони истеҳсоли ин ваксина дар Миср ва Нигерия низ ҳаст.

Ба гуфтаи Фонди сармоягузории мустақими Россия, шурӯъ аз моҳи марти соли оянд Россия нақша дорад, ҳар моҳ 30 миллион вояи ваксинаи “Спутник V”-ро ба хориҷ содир намояд.

“Мо бо теъдоди зиёди шарикони саноатӣ кор карда истодаем, то истеҳсолотро ба таври назаррас зиёд намоем. Пас аз қонеъ гардонидани талабот дар Россия, мо онро барои истеҳсоли ваксинаҳое, ки ба дигар кишварҳо интиқол дода мешаванд, истифода мебарем”,- афзудааст, Кирилл Дмитриев.

Гуфта мешавад, то кунун зиёда аз 40 кишвар, ки дар онҳо зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба ваксина таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва  фонд барои зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион воя ваксина дархост гирифтааст.

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия қаблан низ эълом кард, ки нархи ҳадди аксари як вояи (доза) ваксина алайҳи COVID-19 аз ҳазор рубл зиёд нахоҳад шуд.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

 

0
Барчаспҳо:
вируси корона, истеҳсол, дору, рӯнамоӣ, СММ, Русия