Талабот меафзояд, коргар нест: норасоии муҳоҷирон нархи манзил дар Русияро афзоиш медиҳад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкРемонт Большого Каменного моста в Москве
Ремонт Большого Каменного моста в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рақобат, ноустуворӣ дар бозор ва тарси мутахассисон аз кор дар пандемия: корҳое, ки ҳоло дар сохтмонҳои Русия рух медиҳанд

ДУШАНБЕ, 12 Ноябр - Sputnik. Ипотекаи имтиёзнок дар Русия талаботро ба манзил афзоиш дод, аммо дар баъзе сохтмонҳо норасоии коргарон ба 50% мерасад, менависад Forbes.

Во время пандемии не только мигрантам не хватало Москвы, но и Москве — мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав муҳоҷирон намерасанд: видео

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ба санаи 30 сентябр шумораи хориҷиёне, ки дар Русия кор мекунанд, нисбат ба соли гузашта 22,5% кам шудааст.

Намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ гуфтаанд, ки норасоии қувваи корӣ бо зиёд шудани талабот метавонад боиси коҳиш ёфтани суръати сохтмон ва баланд шудани нархи хидматҳо гардад, ки ба нархи манзил бевосита таъсир мерасонад.

Директори идоракунии гурӯҳи Samolet Алексей Козлов мегӯяд, пас аз бекор кардани маҳдудиятҳо, таъмин сохтмонҳо бо мутахассисоне, ки имкони бозгашт ба сатҳи пешина расонад ва ҷуброни меъёрҳои қаблиро ба ҷо оранд, мушкил аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати сохтмони Русия моҳи июл расман дар бораи камбуди бинокорон хабар дод.

Коҳиши назарраси муҳоҷирини корӣ дар Русия: омори ВКД

Сабаби асосии нарасидани қувваи корӣ марзҳои пӯшидаи Русия мебошанд. Аммо, он муҳоҷирон, ки имкони бозгашт ба Федератсияи Русияро доранд, низ барои омадан шитоб намекунанд: баланд шудани нархи чиптаҳои ҳавопаймо хоҳиши хориҷиёнро шадидан маҳдуд мекунад.

Женщина убирает опавшие с деревьев - Sputnik Тоҷикистон
Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Хизматрасонии ҷустуҷӯи кор Superjob ва hh.ru инчунин дар бораи рақобати шадид дар соҳаи сохтмон хабар медиҳанд.

Барои як ҷои холии корӣ аз ду то чор довталаб муроҷиат мекунад. Ҳамзамон, бозор мутавозин  гуфта мешавад, зеро бо ҳисоби миёна аз 4 то 4,5 CV барои як ҷои холӣ ворид мешавад.

Аммо майл надоштани мутахассисон ба кор дар сохтмонҳо низ вазъи ноустувори бозорро ба бор овардааст.

Тавре намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ қайд мекунанд, пас аз баста шудан корҳои сохтмонӣ коргарон дубора бовар надорад ва эҳсос намекунанд ва метарсанд, ки корҳои сохтмонӣ дубора қатъ шавад.

Ташаббуси Вазорати сохтмони Русия метавонад мушкилоти нарасидани кадрҳоро ҳал кунад, агар ба ширкатҳои сохтмон иҷозат дода шавад, ки тибқи рӯйхатҳо коргаронро аз ИДМ биёранд.

"Мо дар таҳия ва тасдиқи ин рӯйхатҳо душворӣ намебинем. Кори байниидоравӣ дар ҳукумат хуб ба роҳ монда шудааст. Ин масъаларо ба қадри кофӣ ҳал кардан мумкин аст. Ҳама ин хароҷотро ҳоло ширкатҳо ба ӯҳда доранд. Ва онҳо барои ҳама коргарон, новобаста аз шаҳрвандӣ масъуланд",- ин ташаббусро шарҳ доданд, хадамоти матбуоти Гурӯҳи ширкатҳои "Гранель".

Инчунин, намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ қайд карданд, ки таъминоти манзил ва ҳифзи саломатии муҳоҷирон ҳангоми пандемия низ имконпазир аст.

Дар Русия барои муҳоҷирони таксирон маҳдудият ҷорӣ мешавад

Аммо, ҳатто бо ҷорӣ шудани ин навоварӣ, масъалаи рақобат боқӣ мондааст: коргарони Тоҷикистонро метавонанд ба майдонҳои сохтмонии Қазоқистон ё Узбакистон кашанд.

Лентаи хабарҳо
0