Вазири кишоварзӣ аз коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ гуфт

© Вазорати кишоварзӣВазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири кишоварзии Тоҷикистон бо роҳбарони аввали Шарикони рушд дар кишвар масъалаҳои кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, алалхусус ба соҳаи кишоварзӣ ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, бо ташаббуси ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" машварати кории вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо роҳбарони аввали Шарикони рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, Зиёзода самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзиро таҳлил карда, оид ба ҷамъбаҳои ҳамкориҳо бо Шарикони рушд изҳори назар намуда масъалаҳои мубрамро муҳокима кардааст.

Нархи дастрас ва фоидаи хуб: рушди лимӯпарварӣ дар шаҳри Кӯлоб

"Масъалаҳои кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, алалхусус таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо дар ин дидор барои тақвият ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти афзалиятҳои саҳавӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ду мулоқоти Амонзода: аз грантҳои хурд барои муҳоҷирин то тағйир дар лоиҳа бо Олмон

Дар ин нишаст дар баробари вазир, муовинаш Нигина Анварӣ, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ Файзимаҳмад Амонов, сардори Шуъбаи матбуот ва иттилоот Кароматулло Саидов, роҳбари КВД "Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"  Камолиддин Қурбонов ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0