Женщины Раштского района за работой

Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон беш аз 5000 ҷойи кории холӣ муҳайё кардааст

251
(Таҷдидшуда 11:23 09.12.2020)
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки  нафарони корҷӯ ва дорои касбият метавонанд дар 1039 корхонаву ташкилоти гуногун ба кор пардозанд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳи шаҳрвандони  Тоҷикистон 5242 ҷойҳои кории холӣ муҳайё кардааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод, шаҳрвандони бекор ва дорои касб, метавонанд ба 5242 ҷойҳои кории холӣ, ки аз рӯи равияҳои мухталифи касбӣ дар 1039 корхонаву ташкилотҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба кор ва фаъолияти меҳнатӣ пардозанд.

Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод?

Гуфта мешавад, ки фаъолият дар корхонаву ташкилотҳо аз рӯи равия ва ихтисосҳои кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, идораи давлатӣ ва мудофиа, савдо ва хизматрасонии маишӣ, саноат, энергетика, сохтмон, тандурустӣ, молиявӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар намудҳои фаъолият буда, корҷӯён метавонанд тавассути сомонаи расмии www.kor.tj  худро ба қайд гирифта, соҳиби ҷойи кор шаванд.

Пешниҳод барои иҷозати вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия

Ҳамзамон, Вазорат ба иттилои шаҳрвандон ва корфармоёни кишвар мерасонад, ки онҳо низ метавонанд, тавассути сомонаи мазкур беҳтарин мутахассисони дилхоҳ соҳаро пайдо намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.

251
Барчаспҳо:
ишғоли ҷои кори холӣ, ҷойи корӣ, ташкилот, ҷойи корӣ, Тоҷикистон

Маскав дар ҷустуҷӯи 13 ҳазор муҳоҷири корӣ

236
(Таҷдидшуда 12:02 22.01.2021)
Аз 26 ҳазор ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо дар вилояти Маскав танҳо нисфаш банд аст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди ҳукумати Қирғизистон дар Русия Майрамбек Бейшенов гуфт, дар кадом соҳаҳо дар Федератсияи Русия эҳтиёҷоти шадид ба коргарони хориҷӣ эҳсос мешавад.

Ба гуфти ӯ, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.

Аз 26 ҳазор ҷойҳои холии корӣ танҳо барои нисфи онҳо коргарон пайдо шуданд ва шумораи ҷойҳои корӣ низ меафзояд, илова намуд Бейшенов.

"Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.

Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.

236
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, вилояти Маскав, Маскав, кор
Рабочие на строительной площадке, архивное фото

Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад

756
(Таҷдидшуда 21:11 21.01.2021)
Вазорати корҳои дохилаи Русия ва мақомоти шаҳри Маскав эълон кардаанд, ки пойтахти Русия ниёз ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба хусус аз кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дорад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба гуфтаи муовини аввали Вазорати корҳои дохилаи Русия Александр Горовой, ин кишвар ба норасоии ҷиддии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ шудааст.  

Ҳамчунин намояндаи ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки кормандони пулис ва мақомоти шаҳр барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои мушаххас анҷом медиҳанд.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

“Мо дар якҷоягӣ бо департаменти ҳукумати пойтахт, маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорем, то онҳоро барои кор дар бахши сохтмон ҷалб намоем”, гуфт Горовой.

Муовини ВУД-и Русия илова кард, ки идора уҳдадор аст, раванди муҳоҷирати меҳнатиро зери назорат гирад.   

“Вазъи муҳоҷират бояд таҳти контрол боқӣ бимонад. Мушкилот буд, аммо ҳоло онҳо муайян шуданд. Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои коронаӣ, кишвар ба норасоии қуваи кории хориҷиён рӯ ба рӯ шуд”, - гуфт Горовой.

Ёдрас мешавем, ки дар миёни моҳи январи соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳукумати кишвараш дастур дод, ки то 1 март масъалаи ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бахши сохтмонро баррасӣ намоянд.

756
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, камбуд, норасоӣ, Маскав, муҳоҷирон, муҳоҷират, муҳоҷир, Русия
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

0
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

0
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон