Женщина на строительной площадке

Норасоии муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русияро метавонанд занони рус ҷуброн кунанд

491
(Таҷдидшуда 13:19 14.12.2020)
Пас аз фармони Вазорати меҳнати Федератсияи Русия, ки номгӯи касбҳои барои ҷинси латиф мамнӯъро коҳиш медиҳад, занон аз соли нав метавонанд норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳои ин кишвар пур кунанд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар сохтмонҳои Русия метавонад қисман бо занони маҳаллӣ пур карда шавад, менависад РИА Недвижимость.

Коршиносон гуфтанд, ки сар аз 1 январи соли 2021 муқаррароти фармони Вазорати меҳнати Федератсияи Русия мавриди амал қарор мегирад, ки он рӯйхати ихтисосҳои барои занон мамнӯъро чор маротиба коҳиш медиҳад.

Ҳамин тариқ, беш аз 30 ихтисоси нав барои занони Русия дастрас мегардад, аз ҷумла ҷойҳои корӣ дар сохтмон, ки қаблан хатарнок ҳисобида мешуданд.

Ба гуфтаи Василий Сосновский, мутахассиси ширкати ҳуқуқии "Генезис", як қатор корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ ба рӯйхати нав дохил карда шуданд ва бо вуҷуди бекор кардани баъзе маҳдудиятҳо, ширкатҳои сохтмонӣ наметавонанд занонро барои иҷрои корҳои марбут ба бардоштан ва ҳаракат додани бори вазнин, новобаста аз навъи мансаб, ҷалб кунанд.

Катирин: бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ иншоотҳои саноатӣ аз кор монданд

"Меъёрҳои муқарраршудаи ҳадди аксар иҷозатдодашудаи фаъолияти ҷисмонӣ барои занон ҳангоми бардоштан ва аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонидани ашё бояд дастӣ риоя карда шаванд. Вазни максималӣ барои онҳо 10 килоро ташкил медиҳад", - шарҳ дод коршинос.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Ассотсиатсияи миллии бинокорон Антон Глушков изҳор медорад, ки ҳарчанд соҳаи сохтмон миёни занон маҳбубият пайдо кардаистодааст, аммо дар бораи пурра иваз кардани муҳоҷирон ба занони рус ҳарф задан барвақт аст.

Собиқ ноиби раиси "ФМС" дар бораи иҷозати вуруди муҳоҷирон: бояд мушкиле набошад

"Танҳо ин аст, ки майдони сохтмон бештар технологӣ мешавад ва занон низ метавонанд дар сохтмон кор кунанд", - шарҳ дод Глушков.

Дар ҳамин ҳол, мусоҳиб таъкид кард, ки тамоюлҳои мусбат дар коҳиши номутаносибии гендерӣ дар соҳаи сохтмон ҳоло ҳам ҷой доранд.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

Ба гуфтаи ӯ, занон метавонистанд норасоии муҳоҷиронро дар корҳои таъмирии хатми сохтмон ҷуброн кунанд.

491
Барчаспҳо:
сохтмон, занон, муҳоҷират, Русия
Чрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана

Манъи вуруди муҳоҷирон бекор шавад: Сатторов бо Казакова мулоқот кард

160
(Таҷдидшуда 15:34 28.01.2021)
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатиро дар замони пандемия баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Маскав мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сардори Сарраёсати масоили муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия Валентина Казакова баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорат.

Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо - танзими муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия будааст.

Аз ҷумла Сатторов ва Казакова раванди бардоштани манъи вуруд ба Русия ба категоряҳои муайянро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ташкили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистонро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Русия баррасӣ карданд.

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид

Намояндагони Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаҳои танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия идома медиҳанд.

Казакова ва Сатторов ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба мувофиқа кардани лоиҳаҳои созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистонро идома медиҳанд.

160
Рахмон Ульмасов, архивное фото

Улмасов: муҳоҷирати меҳнатӣ аз истифодаи технологияҳои нав бояд бархурдор бошанд

109
(Таҷдидшуда 20:59 27.01.2021)
Раҳмон Улмасов, мутахассиси тоҷик дар соҳаи муҳоҷират, профессори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон гуфт, ки замима барои муҳоҷирон дар телефони ҳамроҳ танҳо қадами аввал аст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолииТоҷикистон сомонаи infomuhojir.tj ва замимаи мобилӣ барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия роҳандозӣ кард.

Бартарии ин замима дар он аст, ки барои пайдо кардани кор бо шароити хуб кӯмак мекунад, таъкид дошт мутахассиси соҳаи муҳоҷират, профессори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон.

"Муҳим он аст, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар ин раванд худаш иштирок мекунад ва бидуни миёнаравҳо барои худ ҷои кори муносиб пайдо мекунад. Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани сатҳи дониши муҳоҷирон аст. Бояд муҳоҷир аз истифодаи технологияи нав бархурдор бошад ", - қайд кард коршинос.

Улмасов илова кард, ки дар оянда замима бояд мураккабтар шаваду, фаъолияти он васеъ гардад. Инчунин, ба ин замима бояд имкони алоқа бо намояндаи Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ барои кумаки амалӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра лозим аст.

Инчунин, профессори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон қайд кард, ки чунин ташаббусҳо бояд дастгирии иттилоотӣ дошта бошанд: дар ин бора бояд гуфт ва онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд намоиш дод.

"Мо бояд боз ҳам пешравӣ кунем, то ширкатҳои мобилӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ шароит фароҳам кунанд. Аз ҳамаи технологияҳои нав бояд истифода кард", - гуфт Улмасов.

109
Барчаспҳо:
таҳияи замимаи мобилӣ, телефон, муҳоҷират, Тоҷикистон
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Расулзода шарҳ дод, ки чаро пули миллӣ беқурб шуд

0
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тавзеҳ дод, ки чаро дар соли 2020 таваррум - беқуршавии пули миллӣ зиёд шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тавре Қоҳир Расулзода дар Маҷлиси васеи Ҳукумат тавзеҳ дод, таваррум дар соли 2020 назар ба соли 2010 ба 1,4 фоиз зиёд гардид.

Сарвазири кишвар афзоиши беқурбшавии пули миллиро ба баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо рабт додааст.

"Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст", - менависад аз қавли сарвазир дафтари матбуоти президент.

Расулзода афзуд, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа ва дигар монеаҳои мавҷудаи марбут ба пандемияи КОВИД-19,ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.

Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.

Дар Тоҷикистон таварруми солона ба сатҳи рекордӣ расид

Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 - 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз  коҳиш ёфт.

0