Мигранты работающие на стройках. Архивное фото

Вазорати сохтмони Русия мехоҳад вуруди муҳоҷиронро содда гардонад

599
(Таҷдидшуда 16:42 14.12.2020)
Вазорати сохтмони Русия мехоҳад ба Ҳукумат пешниҳод кунад, то вуруди муҳоҷирон ба кишвар содда гардонда шавад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати сохтмон барои содда кардани вуруди муҳоҷирон дар сохтмонҳо, ба ҳукумат пешниҳод омода кардааст.

"Вазорати сохтмони Русия масъалаи содда гардонидани вурудро барои муҳоҷирон барои кор дар якчанд объектҳои сохтмонии манотиқи Русия, баррасӣ дорад", - омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки вуруди муҳоҷирон танҳо барои ширкатҳое иҷоза дода мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя менамоянд.

Интизор меравад, ки Вазорат шумораи муайяни муҳоҷиронро барои анҷоми кор дар муҳлат муайян мекунад.

Ин пешниҳод ҳамчунин ба Роспотребнадзор ва ФМС низ равон карда шудааст.

Муҳоҷирон дар навбати худ вазифадор мешаванд, ки зимни вуруд ба кишвар бо худ ташхиси манфӣ аз коронавирусро, ки на пештар аз се рӯз санҷиш шудааст, дошта бошанд.

Ноиби сарвазири Русия гароншавии нархи хонаро ба хуруҷи муҳоҷирон рабт дод

Пештар хабар дода шуд, ки норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳо мешавад аз ҳисоби занони маҳаллӣ ҷуброн кард.

Аз авоили соли 2021 қарори Вазорати сохтмон оид ба бештар намудани рӯйхати касбҳои ҷоиз барои занон, ба амал хоҳад даромад.        

599
Барчаспҳо:
вуруд, содда, муҳоҷирон, сохтмон, вазорат
Рабочие на строительной площадке, архивное фото

Иҷозати Ҳукумати Русия барои вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон

1495
(Таҷдидшуда 15:55 22.01.2021)
Вазорати сохтмони Русия хабар дод, ки ҳукумат низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар сохтмонҳоро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзили Русия иттилоъ дод, ки Ҳукумат ба ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия дар сохтмонҳо иҷозат дода, низоми вурудро тасвиб кард.

Вазир дар мулоқот бо бахши соҳибкорӣ дар Палатаи савдо ва саноат тавзеҳ дод, ки тасмими вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия бо усули “идораи дастӣ” сурат хоҳад гирифт.

“Комиссия бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия аллакай ташкил карда шуд. Мо ин равандро бо идораи дастӣ роҳандозӣ кардем”, - гуфт Файзуллин.

Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳои бузурги сохтмонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд дархост барои вуруди теъдоди муайяни муҳоҷиронро таҳия кунанд. Феълан раванди мувофиқакунӣ ҳудуди се ҳафтаро дар бар мегирад.  

Файзуллин инчунин илова намуд, ки баъди кушода шудани марзҳо низоми вуруди муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бозбинӣ хоҳад шуд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур дод, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад.

1495
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, иҷозат, Русия, сохтмон, Тоҷикистон

Маскав дар ҷустуҷӯи 13 ҳазор муҳоҷири корӣ

257
(Таҷдидшуда 12:02 22.01.2021)
Аз 26 ҳазор ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо дар вилояти Маскав танҳо нисфаш банд аст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди ҳукумати Қирғизистон дар Русия Майрамбек Бейшенов гуфт, дар кадом соҳаҳо дар Федератсияи Русия эҳтиёҷоти шадид ба коргарони хориҷӣ эҳсос мешавад.

Ба гуфти ӯ, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.

Аз 26 ҳазор ҷойҳои холии корӣ танҳо барои нисфи онҳо коргарон пайдо шуданд ва шумораи ҷойҳои корӣ низ меафзояд, илова намуд Бейшенов.

"Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.

Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.

257
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, вилояти Маскав, Маскав, кор
Сотрудники КЧС помогли мальчику освободить палец из гайки

Дар ангушти кӯдаки чорсола гайка руст шуд: табибон ҳам натавонистанд кумак кунанд

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷоти тифле хабар медиҳанд, ки аз беназоратии волидонаш дар нагушташ гайка руст шудааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд хабар расидааст, ки дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расидааст.

Бо дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд фавран ба беморхона сафарбар шудаанд. Амалиёти имдод дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб ва осебшиносӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки гайка аз ангушти ӯ берун оварда шуд. Вазъи саломатии кӯдак дар ҳолати хуб қарор дорад.

Маълум шуд, ки тифл ҳамагӣ чор сол доштаву аз беназоратии волидайн даст ба гайкаву дигар таҷҳизот задаст ва билохира гайка дар ангушташ руст мондааст.

Кормандони Раёсат бо падари тифл ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки фарзандашонро набояд беназорат гузоранд, чун метавонад муҷиби нохушиҳои дигар шавад.

0
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, наҷот, КҲФ ҶТ, кӯдак, табибон