Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Гарон намешавад: эълони арзиши патент дар Маскав ва вилояти Маскав барои соли 2021

435
(Таҷдидшуда 13:48 17.12.2020)
Дар Маскав ва вилояти Маскав коэффитсенти минтақавӣ, ки аз рӯи он арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобу китоб мешавад, як каме поин омадааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Мақомоти Русия арзиши патентро барои соли 2021 дар шаҳр ва вилояти Маскав эълон карданд.

Дар Маскав зариб ё коэффитсенти минтақавӣ то 2,3878 поин оварда шуд. Ин нишондиҳанда дар қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои алоҳидаи шаҳри Маскав дар бахши андозсупорӣ” инъикос ёфтааст.

Ҳамин тавр маблағи патент дар соли 2021 барои муҳоҷирони меҳнатӣ монанди соли 2020 дар ҳаҷми 5341 рубли русӣ боқӣ мемонад.

Дар вилояти Маскав зариби минтақавӣ низ поин оварда шуд ва дар сатҳи 2,27647 сабт гардидааст. Ин нишондиҳанда низ дар қонуни №232/2020-03 "Дар бораи сабти зарибе, ки бозори меҳнати вилояти Маскавро дар соли 2121 муайян мекунад" инъикос ёфтааст.

Тибқи ин қонун арзиши патент дар вилояти Маскавт барои муҳоҷирони меҳнатӣ низ тағйир наёфтааст. Арзиши патент ба моанади соли 2020 дар ҳаҷми 5092 рубл боқӣ мондааст.

435
Барчаспҳо:
арзиш, вилояти Маскав, Маскав, патент, муҳоҷир
Иностранные рабочие возвращаются после обеденного перерыва

Дар сохтмонҳои Маскав 14 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон бо кор таъмин мешаванд

374
(Таҷдидшуда 12:41 15.01.2021)
Намояндагони ширкатҳои бузурги Русия ба Ӯзбекистон рафтанд, то аз манотиқи гуногуни кишвар барои кор дар сохтмонҳо коргар биёранд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкатҳои бузурги сохтмонии Русия, дар доираи барномаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон дар Ӯзбекистон, чанд ҳазор сокини кишварро барои кор дар объектҳои Маскав ва вилояти Маскав ҷалб хоҳанд кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати шуғл ва меҳнати Ӯзбекистон.

Муовини якуми вазири меҳнати Ӯзбекистон Эркин Муҳиддинов бо намояндагони ширкатҳои русии "ПИК-Индустрия" ва "ТехСтрой" мулоқот кард.

Онҳо махсус барои интихоб кардани довталабон барои кор дар объектҳои Маскав ва вилояти Маскав ба Ӯзбекистон рафтанд.

Интихоби довталабон то охири моҳи январ дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон аз рӯи ихтисосҳои челонгар, гудозанда, пошидан ва андохтан, кафшергари барқӣ, барқчӣ ва хиштчин идома мекунад.

Вазорати шуғли аҳолӣ гуфтааст, ки то охири соли 2021 ширкатҳо тақрибан 14 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро дар Русия бо кор таъмин хоҳанд кард.

Маълум аст, аз 15 то 31 январ дар байни сокинони вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона, Хоразм, Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд, Сирдарё, Сурхондарё ва Тошканд коргарон интихоб карда мешаванд. Ва инчунин дар Қароқалпоқистон, Тошканд ва Самарқанд низ барнома роҳандозӣ мешавад.

Бо даъвати корфармоён: як гурӯҳ муҳоҷирини ӯзбек ба Русия барои кор рафтанд

Ёдрас мешавем, ки қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар солҳои 2020-2021 шумораи муҳоҷиронро аз Ӯзбекистон барои кор дар Русия  ба 100 ҳазор нафар мерасонанд.

Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд

Аммо аввал, бояд сатҳи омодагии касбӣ ва забономӯзии шаҳрвандони Ӯзбекистон ба роҳ монда шавад.

374
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, шаҳрвандон, муҳоҷират, кор, Русия
Семья мигрантов из Таджикистана, архивное фото

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

935
(Таҷдидшуда 11:55 15.01.2021)
Дар Русия пешниҳод карданд, то муҳоҷиронеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд ва хешу табори шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт накунанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда нашаванд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.

Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки чунин гузашт танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ карда мешавад.

Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш - шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳоро бекор нашавад.

Дар ин миён, тибқи қонунгузории амалкунанда, як шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозати истиқомат барои ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, муҳоҷире, ки ҷиноят содир намуда, ба амнияти кишвар хатар дорад, дар давоми панҷ сол ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро аз даст медиҳад.

Тарҳи нав барои таъмини ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва сарбории иловагӣ ба додгоҳҳо пешбинӣ шудааст.

"Агар шахс зарари ҷиноятҳояшро ба давлат ҷуброн кунад, пас чаро вай Русияро тарк кунад ва оилаи ӯ аз ин зарар бинад", - омадааст дар шарҳи қонун.

ВКД низ таваҷҷӯҳ карда, ки аксар вақт оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои муҳоҷир  ба хавфи ҷинояти содиркардаи ӯ мувофиқат намекунанд.

Феълан бошад, бекор кардани депортатсияро метавон танҳо тавассути додгоҳ ҳал кард.

935
Барчаспҳо:
муҳоҷират, депорт, Русия

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия