Мигранты у здания УФМС

Русия муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷиронро то тобистон тамдид кард

1032
(Таҷдидшуда 15:30 17.12.2020)
Федератсияи Русия муҳлати будубоши мувақатии шаҳрвандони хориҷиро бинобар сабаби пандемия тамдид кард

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Чунин фармонро президент Владимир Путин имзо кардааст, ки он сар аз имрӯз ба амал медарояд. Метавонед бо фармон дар портали расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ шинос шавед.

"Ба фармони Президенти Федератсияи Русия аз 18 апрели соли 2020 таҳти рақами 274 ворид карда шавад: дар сархати аввал калимаҳои" то 15 декабри соли 2020 "ба калимаҳои" то 15 июни 2021 "иваз карда шаванд, гуфта мешавад дар фармон.

Тибқи ин санад, ба шаҳрвандони хориҷӣ зарур нест, ки ҳуҷҷатҳои истиқомати муваққатӣ, аз ҷумла тамдиди раводид, мӯҳлати бақайдгирӣ дар ҷои будубош, мӯҳлати иқомати муваққатӣ ва доимӣ, аз ҷумла тамдиди иҷозатномаи истиқоматро нав кунанд.

Инчунин, мӯҳлати будубош дар берун аз Федератсияи Русия иштирокчиёни барномаи давлатии кӯчонидани ихтиёриёни ҳамватанон аз хориҷа, аъзои оилаҳои онҳо, шахсоне, ки иҷозат барои истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат гирифтаанд, боздошта мешавад.

Гуфта мешавад, агар ин шахсон то ба итмом расидани мӯҳлати шашмоҳаи будубош берун аз ҳудуди он ба қаламрави Русия ворид нашаванд талаб карда мешавад, ки дар бораи бекор кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор қарор қабул кунанд.

Вазорати сохтмони Русия мехоҳад вуруди муҳоҷиронро содда гардонад

Ғайр аз он, мӯҳлатҳои ихтиёрӣ аз Русия хориҷ шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки нисбати онҳо қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави кишвар қабул шудааст, қатъ карда шудааст.

Фармон аз рӯзи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад.

Дар шаҳри Санкт-Петербург бидуни муҳоҷирон иҷораи манзил арзон шуд

Ёдовар мешавем, қаблан моҳи сентябр, бинобар вазъи COVID-19, Путин муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷиро то 15 декабр тамдид карда буд.

Фармони нахустини Путин оид ба хуруҷу вуруди мунтазами шаҳрвандон дар Русия аз 18 апрел имзо шуда буд. 

1032
Барчаспҳо:
муҳлат, муҳоҷирон, Русия
Рабочие на строительной площадке, архивное фото

Иҷозати Ҳукумати Русия барои вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон

1888
(Таҷдидшуда 15:55 22.01.2021)
Вазорати сохтмони Русия хабар дод, ки ҳукумат низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар сохтмонҳоро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзили Русия иттилоъ дод, ки Ҳукумат ба ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия дар сохтмонҳо иҷозат дода, низоми вурудро тасвиб кард.

Вазир дар мулоқот бо бахши соҳибкорӣ дар Палатаи савдо ва саноат тавзеҳ дод, ки тасмими вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия бо усули “идораи дастӣ” сурат хоҳад гирифт.

“Комиссия бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия аллакай ташкил карда шуд. Мо ин равандро бо идораи дастӣ роҳандозӣ кардем”, - гуфт Файзуллин.

Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳои бузурги сохтмонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд дархост барои вуруди теъдоди муайяни муҳоҷиронро таҳия кунанд. Феълан раванди мувофиқакунӣ ҳудуди се ҳафтаро дар бар мегирад.  

Файзуллин инчунин илова намуд, ки баъди кушода шудани марзҳо низоми вуруди муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бозбинӣ хоҳад шуд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур дод, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад.

1888
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, иҷозат, Русия, сохтмон, Тоҷикистон

Маскав дар ҷустуҷӯи 13 ҳазор муҳоҷири корӣ

258
(Таҷдидшуда 12:02 22.01.2021)
Аз 26 ҳазор ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо дар вилояти Маскав танҳо нисфаш банд аст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди ҳукумати Қирғизистон дар Русия Майрамбек Бейшенов гуфт, дар кадом соҳаҳо дар Федератсияи Русия эҳтиёҷоти шадид ба коргарони хориҷӣ эҳсос мешавад.

Ба гуфти ӯ, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.

Аз 26 ҳазор ҷойҳои холии корӣ танҳо барои нисфи онҳо коргарон пайдо шуданд ва шумораи ҷойҳои корӣ низ меафзояд, илова намуд Бейшенов.

"Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.

Дар Маскав қувваи корӣ намерасад: ВУД муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷалб мекунад

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.

258
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, вилояти Маскав, Маскав, кор

Клинтон Трампро дар робита бо Путин айбдор кард. Чаро? - навор

0
Дар ИМА боз “изи русӣ” меҷӯянд. Ин дафъа дар ҳамла ба Капитолия. Собиқ котиби давлатии ИМА, Хилларӣ Клинтон гуфт, гӯиё Русия дар ҳамла даст дорад.

Тибқи ин ривоят, Доналд Трамп дар ин рӯз бо Владимир Путин тамоси телефонӣ дошт. Хилларӣ Клинтон равобити Трампу Путинро санҷиданист. Клинтон гумон дорад, ки Трамп қабл аз ҳамлаи 6 январ ба Капитолия бо Путин суҳбати телефонӣ дошт.

Ҷонибдорони ҷумҳурихоҳ ҷаласаи якҷояи Конгрессро халалдор карданд, ки дар он пирӯзии демократ Ҷо Байдент дар интихобот тасвиб мешуд.

Собиқ котиби давлатии ИМА хостори сабтҳои суҳбатҳои телефонии Трамп дар 6 январ шуд. Ӯ аз гумону нақшаҳояш дар подкасти  You and Me Both гуфт. Хилларӣ Клинтон, ректори донишгоҳи Квинс, собиқ котиби давлатии ИМА: “Мо дар бораи низоми идориямон тайи чор соли охир – аҳди президенте, ки демократияро хуш надорад, зиёд фаҳмидем”.

Бо Клинтон роҳбари Конгресс, Ненсӣ Пелосӣ суҳбат дошт, ки бетартибӣ дар Вашингтонро “туҳфаи Путин” хонд.

Владимир Ҷабборов, ноиби аввали Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, мегӯяд,  Клинтон – хонуми хеле қасосгир аст.

“Трампро, ки замоне барои президентшавияш монеа шуд, намебахшад... Ин чеҳраи рафта аст, бигзор дар бораи чизҳои шахсияш фикр кунад. Вақташ дар сиёсат гузашт”, - изҳор дошт ӯ. . 

Соли 2016 дар ИМА чунин иттиҳомот садо дода буданд. Аз ҷумла бе далел Русияро ба дахолат дар интихобти президентӣ айбдор карданд.

Вашингтон зиёд мушкилоти дохилияшро бори нерӯҳои набудаи хориҷӣ мекунад.

0
Барчаспҳо:
ИМА, Русия