Шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистону Қатар ҳамкориро баррасӣ мекунанд

125
(Таҷдидшуда 13:05 18.12.2020)
Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло, сафири Қатар дар Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик ҳукуматҳои ду кишвар ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ 18 дек - Sputnik. Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло дар изҳороташ ба муносибати Рӯзи миллии Қатар, ки 18 декабр таҷлил мешавад, аз дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар суҳбат кардааст.

Ӯ иттилоъ додааст, рӯзҳои наздик интизор меравад, ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ байни ҳукумати Қатар ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад, ки ин як такони дигар барои рушди муносибатҳои кишварҳоямон ҳисобида мешавад.

“Мо саъй менамоем, ки муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон дар сатҳи муътадил ва пайваста рушд ёбанд ва дар тамоми соҳаҳое, ки мақоми ин ду кишвари дӯстро баланд мебардоранд, ҳамкорӣ намоем”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Муҳаммад ал-Абдулло.

Феълан аз лоиҳаҳои нисбатан маъруфи Тоҷикистону Қатар ин маҷмааи “Диёри Душанбе” ва калонтарин масҷиди ҷомеъи Душанбе мебошанд.

Тибқи иттилоияи расмӣ, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шудаанд. Моҳи ноябри соли 2012 сафорати Қатар дар Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуд.

125
Барчаспҳо:
иқтисод, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Қатар, Тоҷикистон
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Русия умури муҳоҷиратро рақамӣ мекунад

680
(Таҷдидшуда 16:23 19.01.2021)
Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия дорад, ки ба рақамисозии низоми муҳоҷирати кишвар равона шудааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. ВУД Русия баъди як сол ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун барои рақамӣ кардани низоми муҳоҷират дар кишварро пешниҳод хоҳад кард, хабар додааст ТАСС бо такя ба ноиби сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия, Павел Дутов.

“Барои мо истифодаи технологияи рақамӣ хеле муҳим аст”, - изҳор дошт Дутов зимни ҷаласаи Кумитаи ҳифзи сиҳатии Думаи давлатӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи Вазорат аллакай низоме ҷорӣ мешавад, маълумот аз дигар сохторҳоро низ фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла тафтиши вуҷуди маълумотномаи тиббии муҳоҷир имконпазир хоҳад шуд. Ин иттилоъро метавон дар низоми онлайн гирифт.

Қаблан мудири Маркази таҳқиқоти умури муҳоҷират, корманди калони илмии Академияи улуми Русия, Дмитрий Полетаев изҳор дошт, ки рақамикунонии таъмини муҳоҷирон бо кор солҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки рақамикунонӣ соҳаҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки Русия соли 2020 аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф шомил шуд, ки ба ҳисоби СММ дар қаламрави он ҳудуди 12 миллион муҳоҷир иқомат доранд.

680
Барчаспҳо:
рақамӣ, муҳоҷират, Русия
Марде дар майдони сохтмонӣ, акс аз бойгонӣ

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

497
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур додааст, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия ба Кабинаи вазирон супориш додааст, ки то 1 март масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо дар замони пандемияро баррасӣ намояд, хабар додааст РИА Новости.

“Путин ба Ҳукумат супориш дод, то 1 март ба масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирон ба соҳаи сохтмон расидагӣ кунад”, - таъкид шудааст дар хабар.

Аз ҷумла баррасии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИДМ ба сохтмонҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар назар аст.

Қаблан Путин дар бораи ин масъала изҳор дошт, ки бояд имкон дод, то ҳам муҳоҷирон маблағ кор кунанду ҳам соҳаи сохтмон рушд ёбад.

Раисиҷумҳури Русия аз камбуди нерӯи корӣ дар бахши сохтмон суҳбат карда, таъкид намуда буд, ки ин мавзуъро бо ноиби сарвазир Марат Хуснуллин баррасӣ карда буд.

Вазорати сохтмони Русия барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ пешниҳод карда буд. Зикр гардид, ки ширкатҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва таъмини кору манзили зист ҷалб намоянд.

497
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Русия

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

0
(Таҷдидшуда 12:30 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷориро бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин, сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

0
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон