ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Путин ният дорад, масъалаи амнияти муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳбарони кишварҳои таъминкунандаи Русия бо нерӯи корӣ баррасӣ намояд.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласаи Шӯрави давлатӣ ва Шӯро оид ба рушди стратегию лоиҳаҳои миллӣ таъкид намуд.
“Баррасии ин масъала зарур аст ва ман инро бо ҳамкорон аз кишварҳое, ки аз он ҷо ба Русия муҳоҷирони меҳнатӣ меоянд, баррасӣ хоҳам кард”, - гуфт Владимир Путин.
Ба гуфтаи ӯ аллакай дар марҳалаҳои аввал бояд бехатарӣ таъмин карда шавад, ҳам барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар сохтмон машғули коранд ва ҳам барои русиягиҳое, ки дар ин иншоот фаъолият доранд.
Путин гуфтааст, бояд имкон дод, ки ҳам муҳоҷирон маблағ кор кунанду ҳам соҳаи сохтмон рушд ёбад.
Раисиҷумҳури Русия аз камбуди нерӯи корӣ дар бахши сохтмон суҳбат карда, таъкид намудаст, ки ин мавзуъро бо ноиби сарвазир Марат Хуснуллин баррасӣ карда буд. Бояд дид албатта, суроғавӣ, тавзеҳ дод Путин.
Қаблан аз пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ хабар дода шуда буд. Зикр гардида буд, ки ширкатҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва таъмини кору манзили зист ҷалб намоянд.
Ҷонибдории Тоҷикистон аз пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия дар мавриди муҳоҷирон
Баррасии ин масъала дар ҳолест, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи Русия бо муҳоҷирони меҳнатӣ буда, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои кор озими Русия мешавад. Аммо имсол ба далели марзбандӣ рафтуомади тоҷикистониён ба Русия маҳдуд шудааст. Маскав ба пешниҳоди Душанбе барои оғози парвозҳои мунтазам бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ то ҳол посух надодааст.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба гуфтаи муовини аввали Вазорати корҳои дохилаи Русия Александр Горовой, ин кишвар ба норасоии ҷиддии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳамчунин намояндаи ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки кормандони пулис ва мақомоти шаҳр барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои мушаххас анҷом медиҳанд.
Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад
“Мо дар якҷоягӣ бо департаменти ҳукумати пойтахт, маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорем, то онҳоро барои кор дар бахши сохтмон ҷалб намоем”, гуфт Горовой.
Муовини ВУД-и Русия илова кард, ки идора уҳдадор аст, раванди муҳоҷирати меҳнатиро зери назорат гирад.
“Вазъи муҳоҷират бояд таҳти контрол боқӣ бимонад. Мушкилот буд, аммо ҳоло онҳо муайян шуданд. Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои коронаӣ, кишвар ба норасоии қуваи кории хориҷиён рӯ ба рӯ шуд”, - гуфт Горовой.
Ёдрас мешавем, ки дар миёни моҳи январи соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳукумати кишвараш дастур дод, ки то 1 март масъалаи ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бахши сохтмонро баррасӣ намоянд.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бо далели пандемияи коронавирус дар Русия шумораи муҳоҷирон якбора коҳиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ВКД Русия.
Ҳамин тавр, ба Русия дар соли 2020 аз моҳи январ то ноябр 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба 70,2 дар сад камтар аст.
Бино ба омор, теъдоди бештари муҳоҷирон ба Русия аз кишварҳои Осиёи марказӣ - 80 дар сад ворид шуданд. 7,3 дар сади меҳмонон дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд.
"Таъкид карда мешавад, ки ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 24 дар садро ташкил дод. Аз ин ҷараёни муҳоҷират 12,4 дар садаш ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рост меояд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Бино ба иттилои ВКД, дар соли 2020 қариб нисф - 44 дар сади тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо ҳадафҳои шахсӣ ворид шудаву барои кор танҳо 24 дар садомадаанд.
Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо
Ёдрас мешавем, ки дар пайи пандемияи коронавирус аз 27 марти соли 2020 Русия марзҳояшро баста буд ва тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои парвозҳои махсус, санитарӣ, почта ва ғайра, лағв гардиданд.
Аз моҳи августи соли 2020 парвозҳо барқарор мешаванд.
Пештар Авиатсияи граждании Тоҷикистон эълом кард, ки бо Русия барои барқарор кардани парвозҳо гуфтушунидҳоро идома медиҳад. Аммо, феълан танҳо парвозҳои махсус анҷом дода мешаванд.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.
Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.
Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.
Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.