Мигранты у здания УФМС

Бо даъвати корфармоён: як гурӯҳ муҳоҷирини ӯзбек ба Русия барои кор рафтанд

474
(Таҷдидшуда 14:46 26.12.2020)
Ширкатҳои корфармо патент ва хароҷоти манзил, нақлиёт, хӯрок ва дар сурати бемор шудан табобатро пардхт мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Хадамоти матбуоти Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст, ки 196 шаҳрванди ин кишвар бо парвози чартерӣ барои кор ба вилояти Амури Русия фиристода шуданд.

"Дар мувофиқа бо корфармоёни Русия ва созмонҳои масъул, ӯзбекҳо ба кори муваққатӣ ба Федератсияи Русия рафтанд", - омадааст дар хабарнома.

Ширкатҳои корфармо патент ва хароҷоти манзил, нақлиёт, хӯрок ва агар бемор шавад маблағи табобатро мепӯшонанд.

Пас аз 14 рӯзи карантин, бо назардошти талабот ва маҳдудиятҳои муқарраршудаи эпидемиологӣ, муҳоҷирини ӯзбек дар сохтмонҳо ба кор шурӯъ мекунанд.

Ёдовар мешавем, дар бораи даъвати муҳоҷирин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор дар сохтмонҳои Русия бо кафолати корфармо пешниҳод шуда буд.

Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд

Бо дархост ва кафилии ширкатҳои корфармо даъвати коргарон ҳоло аз Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

474
Мигранты у здания УФМС

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид

129
(Таҷдидшуда 19:14 26.01.2021)
Муайян шуд, ки аксари муҳоҷирони депортшударо аз вилояти Маскав зодагони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Дар давраи ҳамагирии коронавирус аз вилояти Маскав беш аз 400 муҳоҷир депорт шудааст, изҳор доштанд дар хадамоти матбуотии Саридораи амнияти минтақавӣ.

"Аз 1 март то 31 декабри соли гузашта кормандони Хадамоти федералии иҷроияи Федератсияи Русия дар вилояти Маскав ва Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав аз ҳисоби Русия 404 муҳоҷирро ба ватанашон фиристод", -омадааст дар изҳорот.

Инчунин, зиёда аз 80% қарорҳои судҳои вилояти Москва дар бораи депортатсия иҷро шудаанд.

Дар айни замон, аксар хориҷиён муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ буданд. Ҳашт дарсади депортшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 81% муҳоҷирон аз Ӯзбекистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки депортатсия нисбати муҳоҷироне, ки беасос ва бидуни асноди лозимӣ дар Русия буду бош доштанд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд,  татбиқ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

Дар ҳоли ҳозир, боз 36 шаҳрванди хориҷӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ҳастанд ва мунтазири парвоз ба ватан мебошанд.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Пештар хабар дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи минтақаҳои Русия 577,6 миллион доллар ворид карданд, дар ҳоле ки дар соли 2018 ин маблағ 757 миллион доллар буд.

129
Барчаспҳо:
Маскав, вируси корона, депорт, муҳоҷирон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

3103
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

3103
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский