Сафири Эрон бо вазири тоҷик масоили муҳоҷирату таҳсилоти касбию техникиро баррасӣ кард

© Пресс-служба посольства Ирана в ТаджикистанеПосол Ирана встретился с министром труда и занятости РТ
Посол Ирана встретился с министром труда и занятости РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон масоили муҳоҷират ва таҳсилоти ибтидоии касбию техникӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот намуд.

Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетика чӣ масъаларо баррасӣ кард

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ паёми табрикии ҷаноби оқои Муҳаммад Шариатмадорӣ, Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эронро ба Ширин Амонзода ба ҳайси роҳбарияти вазорат таъйин шуданаш расонид.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ, тақвияти корҳо дар самти касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисон барои бозори меҳнат ва табодули таҷрибаи тарафайнро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд.

Шералӣ Кабир бо сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ чӣ масъаларо баррасӣ кард?

Дар рафти мулоқот лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон дар хусуси ҳамкориҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбию техникӣ баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0