Такси на одной из улиц Москвы

Оғози эмгузаронии ройгони таксиронҳо ва пайкрасонҳои хориҷӣ дар Маскав

214
(Таҷдидшуда 12:50 27.01.2021)
Мақомоти шаҳри Маскав эълон кардааст, ки таксиронҳо ва пайкрасонҳое, ки шаҳрвандии Русия ва бима надоранд, имкон доранд ба таври ройгон бар зидди вируси корона эмгузаронӣ шаванд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Депатаменти нақлиёт ва рушди бахши инфрасохтори роҳу нақлиёти Маскав дархости ширкати “Яндекс Такси” дар бораи эмгузаронии таксиронҳо ва пайкрасонҳое, ки шаҳрвандии Русия ва бимаи ҳатмии тибби надоранд,  ҷонибдорӣ кард.

Дар ин бора иттилоъ додааст шабакаи “Telegram”-и ҳукумати шаҳри Маскав.

Ҳукумати шаҳри Маскав қайд кардааст, эмгузаронӣ на танҳо ронандаҳоро аз сирояти вируси корона нигоҳ медорад, балки намегузорад, ин вирус миёни нафароне, ки аз хизматрасониҳои такси истифода мебаранд паҳн ёбад.     

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки бо қарори шаҳрдори Маскав эмгузаронӣ бар зидди вируси корона миёни кормандони нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз ёфтааст.

Муовини шаҳрдори Маскав оид ба масъалаи нақлиёти ҷамъиятӣ Максим Ликсутов тамоми таксиронҳо ширкатҳои мухталифи таксӣ ва пайкрасонҳоро ба марказҳои эмгузаронӣ даъват кард.

Манбаъ цайд кардааст, ки сокинони шаҳри Маскав метавонанд барои эмгузаронӣ дар сомонаи mos.ru ва emias.info ва дар нармафзорҳои мобиилии “Госуслуги Москва” “Моя Москва” ва “ЕМИАС.ИНФО” дар беморхонаи шаҳрӣ ва инчунин тариқи телефон, худро сабти ном кунанд. Марказҳои эмгузаронӣ ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00  кор мекунанд.

214
Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, бима, вируси корона, эмгузаронӣ, такси, Русия, Маскав
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Сӯхтор дар Толятти: муҳоҷири тоҷик ду фарзандашро наҷот доду кӯдаки ду - солааш ҷон бохт

450
(Таҷдидшуда 14:11 25.02.2021)
Сӯхтор дар як анборе сар зад, ки муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо зану се фарзанди худ ба сар мебурд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.

Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.

Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

450
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, сӯхтор, Толятти
Молоток судьи, архивное фото

Ҳукми тоҷикистоние, ки ҳамватанашро дар Русия бераҳмона кушт, эълон шуд

479
Ҷасади шаҳрванди 41 - солаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо аломатҳои маргӣ маҷбурӣ дарёфт шуд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи ҳамватани ӯ моҳи июли соли гузашта рух дода буд. Ҳодисаи нохуш дар Дмитровгради Русия иттифоқ афтод.

Он замон, расонаҳои навишта буданд, ки миёни ду шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша сар зад, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо истифода аз корд чанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамватани 41 - солаи худ зарба расонд.

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз боғҳои Дмитреград дарёфт шуд.

Зимнан, сомонаи Ульяновск менависад, ҳукми тоҷикистоние, ки ҳамватани худро бо як бераҳмӣ кушт, эълон гардид.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон гардид.

Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш

Зимнан, маҳкумшуда ҷазои ҷиноятиро дар колонияи низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад.

479
Барчаспҳо:
куштор, шаҳрванди Тоҷикстон, ҳукм, Русия

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

0
(Таҷдидшуда 12:00 26.02.2021)
Президенти ИМА Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи вазорати дифоъи ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиаӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

 

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф ҳафт бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

0
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия