Российский паспорт

Маълум шуд, чанд тоҷикистонӣ дар соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуд

1139
(Таҷдидшуда 14:16 02.02.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2020 аз ҷиҳати гирифтани шаҳврандӣ 10 дарсади шумораи умумии гирандагонро ташкил доданд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 63,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба таҳқиқоти шабакаи байналмилалии аудиторӣ ва машваратии FinExpertiza.

Ҳамин тариқ, беш аз ҳама шаҳрвандони Украина соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд. Тибқи иттилои манбаъ дар соли 2020 - 409,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Украина шаҳрвандии Русияро қабул карданд, ки ин нишондод 62,4 дарсад аз шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи шумораи гирандагони шиносномаи русӣ дар ҷои дуввум қарор доранд. 9,7 дарсад, ё 63,4 ҳазор нафар соли гузашта шаҳрванди Русия шуданд.

Инчунин, шаҳрвандии Русия дар барои шаҳрвандони Қазоқистон диққатҷалбкунанда буд. 6,6 дарсад, ё 43,4 ҳазор нафар аз Қазоқистон, шиносномаҳои русӣ гирифтанд.

Казакова роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандии Русияро нишон дод

Қобили зикр аст, ки Русия дар соли 2020 дар додани шаҳрвандӣ ба хориҷиён рекорд гузошт - соли гузашта беш аз 650 ҳазор нафар шаҳрвандони Русия шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки тартиби гирифтани шаҳрвандии Русияро барои муҳоҷирони баландихтисос содда мекунад.

Путин гирифтани шаҳрвандиро осонтар кард

Барои дарёфти шаҳрвандии Русия як соли таҷрибаи корӣ дар қаламрави Русия басанда шуд.

1139
Барчаспҳо:
тоҷикон, шаҳрвандӣ, Тоҷикистон, Русия
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд акс

2778
(Таҷдидшуда 13:43 04.03.2021)
Роҳбарони ширкати сохтмонии “Тех строй”-и шаҳри Маскав ба Тоҷикистон ба суроғи муҳоҷирони меҳнатӣ омадаанд. Онҳо нахуст дар Хуҷанд ва сипас ба шаҳри Душанбе сафар карда бо сокиноне, ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, шартномаи меҳнатӣ ба имзо мерасонанд

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бо шунидани ташрифи корфармоёни Русия, ба Тоҷикистон даҳҳо нафар сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд рӯзҳои 2 ва 3 март ба Хуҷанд омаданд.

Азизмат, сокинони ноҳияи Ашт буда, ҳамроҳ бо ду ҳамсолаш барои дарёфти кори хуб дар Русия ба Хуҷанд омад. Ӯ иброз намуд, ки дар гузашта дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, вале бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 бо кори пештараи худ расида натавонист.

Ин сокини ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки таҷрибаи кориаш дар сохтмонро роҳбарони ширкати Русия дар Хуҷанд дуруст дарк карданд ва онҳо барои ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

“Ҳангоми суҳбат мо иброз намудем, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи андовагар, сангчин, кошинкориро ба иҷро расонида метавонем. Роҳбарони “Тех строй” дар навбати худ иброз намуданд, ки чунин мутахассисонро сатҳи баланд ҳисоб мекунанд ва асосан ба чунин мутахассисон шартномаи ҳамкорӣ бастанианд”, -мегӯяд Азизмат.

Зариф Шодиев, як сокини 35 солаи ноҳияи Деваштич гуфт, даҳ сол ба ин тараф умдатан ҳисоби зиндагии хонаводашро аз ҳисоби кору заҳмати муҳоҷирати Русия таъмин мекунад. Ӯ гуфт, хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус ба мисли ӯ, ба иқтисодиёти даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон зарбаи ҷиддӣ расонд.

“Аввалҳо дар муҳоҷират боркашонӣ мекардам. Баъдан як муддат ронандаи таксӣ ҳам будам. Таҷрибаи панҷсолаи кор дар сохтмони иборатҳои баландро дорам. Мо дар Хуҷанд бо корфармоён суҳбат кардем дар баробари дигар шартҳо додани маош дар вақташро пешниҳод кардем”, гуфт Шодиев.

Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд
© Sputnik (sputniktj_photo)
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Барои ҷалб намудани қувваи корӣ ташриф оварданд. Ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷират Николай Папов, роҳбари ҶСК “Тех строй” шаҳри Маскав дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки бахши аъзами коргарони ин ширкат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз ӯ бо гурӯҳи иборат аз 16 нафараи худ барои бастани шартномаҳо ба корҷӯён ба Тоҷикистон омаданд.

“Давоми ду рӯз бо бештар аз 500 нафар шартномаҳо ба имзо расонида шуд. Дар ин миён бештар аз 40 нафар ҳамчун мутахассиси баландсоҳа қабул гардиданд”, гуфт роҳбари “Тех строй” и Маскав.

Бино ба гуфти Папов, баъд аз Хуҷанд сафари онҳо ба шаҳри Душанбе низ дар назар буда, то 6 уми март сокинонро барои ҳамкорӣ қабул мекунанд.

Ширкати “Тех строй” бастани 1000 шартнома бо ҳамкорони тоҷикро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расамиётдарории ҳуҷҷатҳо аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро ба уҳда гирифтааст.

2778
Барчаспҳо:
шартнома, Русия, Хуҷанд, муҳоҷират, Маскав, ширкат, Тоҷикистон
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бизнес" мекунад? шикояти муҳоҷирон

1610
(Таҷдидшуда 12:30 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор шуданд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи муҳоҷирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

1610
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон
День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон