ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Аввалин гурӯҳи 430 нафарии муҳоҷирон аз кишваҳои ИДМ ба сохтмонҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград меоянд, менависад пойгоҳи "Фонтанка".
Ҳамин тавр, ширкати таҳиягари Гурӯҳи ТСДС аз мақомоти федералӣ иҷозат гирифтааст.
Мутахассисони хориҷӣ метавонанд чунин намудҳои корҳоро ба монанди деворкунӣ, насби конструксияҳои оҳану бетони яклухт ва васлшаванда, коркард, бомпӯшӣ, сантехникӣ ва ёрирасониро иҷро кунанд.
Қобили зикр аст, ки пас аз омадани коргарони хориҷӣ ба Русия, аз ҳисоби таҳиягар, онҳо аз ташхиси коронавирус мегузаранд ва ду ҳафта дар карантин мемонанд.
Пас аз он, муҳоҷирон метавонанд ба кор шурӯъ кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бо ин иҷозатнома метавонанд то охири соли 2021 дар кишвар кор кунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки тақрибан сеяки ширкатҳои сохтмонии Русия кам шудани теъдоди коргарони хориҷиро бинобар пандемия ва баста шудани марзҳо қайд мекунанд.
Чӣ гуна муҳоҷирон аз Тоҷикистон метавонанд вориди Русия шаванд: посухи сафорат
Ҳукумати Русия низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркияро барои кор дар бахши сохтмон дар қаламрави Федератсияи Русия тасдиқ кард.
Инчунин, сарвазири Русия Михаил Мишустин дар бораи таҷдиди низоми шиносоии муҳоҷирон дар Русия хабар дод.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.
Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.
Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.
Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор
Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи ҳамватани ӯ моҳи июли соли гузашта рух дода буд. Ҳодисаи нохуш дар Дмитровгради Русия иттифоқ афтод.
Он замон, расонаҳои навишта буданд, ки миёни ду шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша сар зад, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо истифода аз корд чанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамватани 41 - солаи худ зарба расонд.
Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз боғҳои Дмитреград дарёфт шуд.
Зимнан, сомонаи Ульяновск менависад, ҳукми тоҷикистоние, ки ҳамватани худро бо як бераҳмӣ кушт, эълон гардид.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон гардид.
Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш
Зимнан, маҳкумшуда ҷазои ҷиноятиро дар колонияи низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад.
ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Бино ба иттилои "Телевизиони Остона", шаҳрванди ин кишвар дар дуздии 9 мошини хориҷии шаҳрванди тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати чоруним сол равонаи зиндон гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон мошинҳои худро замони карантина дар ҳавлии судшуда, ки таваққувгоҳи пулакӣ ташкил карда буд, гузоштааст.
Гуфта мешавад судшуда таваққуфгоҳро дар назди гузаргоҳи марзӣ бунёд кардааст.
Аммо бо тасмими ба даст овардани даромади бештар соҳибкор шаш мошини дигарро фурӯхтааст. Сеи дигарро барои қисмҳои эҳтиётӣ фурӯхтанд.
Боздошти 15 мошини дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон
Гуфта мешавад, зарари умумии он 11 миллион танга ҳисоб шудааст.
Манбаъ мегӯяд, зода Қазоқистон пас аз фурӯши мошинҳо пинҳон шуд, аммо маъмурини пулис боздошт карданд ва маълум гашт, ки ӯ қаблан барои қаллобӣ маҳкум шудааст.