Деньги в кошельке

Як бонки нав дар Русия интиқоли онлайниро бо Тоҷикистон ба роҳ монд

352
(Таҷдидшуда 20:43 04.02.2021)
Як бонки дигар аз имкони интиқоли пул аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон хабар дод: муҳоҷирон метавонанд роҳат маблағҳояшонро ирсол кунанд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бонки "Солидарность"-и Русия дар бораи роҳҳои интиқоли пулӣ ба бонки тоҷикии "Алиф Бонк" хабар дод.

Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей
© Sputnik / Михаил Воскресенский

Маблағҳои пулиро ба Тоҷикистон метавон ба воситаи барномаи мобилии "Солидарность Онлайн" интиқол дод.

Дафтари матбуоти бонк хабар медиҳад, ки интиқоли пулӣ ба корти муштарии "Алиф Бонк" сурат мегирад, ки онро аз тамоми банкоматҳои бонки мазкур метавон гирифт.

Ҳамчунин ба корбарон фаҳмонида мешавад, ки чигуна маблағро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Барои истифодаи хизматрасонии нав, бояд аз барномаи мобилии бонки русӣ истифода бурд ва дар қисми "Платежи - Переводы в СНГ - В Таджикистан" ва сипас "Алиф Бонк"-ро интихоб кард".

Се сутуни низоми бонкии Тоҷикистон: Бонки миллӣ рӯйхати бонкҳои низомсозро нашр кард

Каме низоми дигар барои истифодабарандагони корти "Дӯстона" пешниҳод карда мешавад: хизматрасониро метавон дар қисми "Переводы домой - В Таджикистан" пайдо кард.

Дар сомонаи "Алиф Бонк" бошад метавон маълумот дар бораи шӯъбаву банкоматҳои банк пайдо намуд.

352
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо

3618
(Таҷдидшуда 17:36 27.02.2021)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия рост меоянд. Ӯ аз нияти Ҳукумат барои диверсификатсияи муҳоҷират ва фиристодани корҷӯёни тоҷик ба Корея, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.

Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.

Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.

Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.

Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.

“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.

Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.

Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.

3618
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷират, Тоҷикистон
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Сӯхтор дар Толятти: муҳоҷири тоҷик ду фарзандашро наҷот доду кӯдаки ду - солааш ҷон бохт

552
(Таҷдидшуда 14:11 25.02.2021)
Сӯхтор дар як анборе сар зад, ки муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо зану се фарзанди худ ба сар мебурд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.

Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.

Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

552
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, сӯхтор, Толятти
Абдул Рашид Дустум. Архивное фото

Дустум ба Толибон ҳушдор дод

0
Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Генерал Абдуррашид Дустум аз фармондеҳони машҳeри ҷиҳодии Афғонистон ба Толибон (гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳушдор дод, ки ба хушунату қатли оми мардум поён диҳанд.

Бино бар иттилои "Парс тудей", раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон, ки дар чаҳор даҳаи ҷанги ин кишвар аз ҷумла бо Шуравӣ ва Толибон таҷрибаи арзанда дорад хитоб ба Толибон гуфт: Ҳамла ба занон, кудакон, хабарнигорон ва кормандони расонаҳо, ки ҳеч гуна дифое аз худ надоранд, таҷовуз ба ҳуқуқи инсонҳо ва каромати инсонӣ аст .

Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд.

"Агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард ва ба яқин нерӯҳои тарафдори ӯ ин гурӯҳи ҷангталабро шикаст хоҳанд дод", - таъкид кард вай.

Дустум афзудааст, ки Афғонистон дар шароити ҳассосе қарор дорад ва бояд тамоми гурӯҳҳо бо давлати Ашрафғанӣ муттаҳид шаванд, то манотиқи таҳти тасарруфи Толибонро озод кунанду оромишро ба зиндагии мардум боз гардонанд.

Вазири корҳои хориҷа: Тоҷикистон иртиботе бо Толибон надорад ва гуфтушунид низ накардааст

Раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон рӯзи шанбе пас аз вуруд ба шаҳри Кобул мавриди истиқболи Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷамъи зиёде аз шаҳрвандону чеҳраҳои сиёсӣ қарор гирифт.

Дустум қарор аст бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрӣ ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон низ дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.

0