Герой передачи Мужское / Женское Эрадж Шарипов

Муҳоҷири тоҷик миёни 5 фарзанд ва маъшуқаи 16 сола, охиронро интихоб кард навор

8699
(Таҷдидшуда 15:55 07.02.2021)
Ба ҷуз аз панҷ фарзанд Эраҷ дар Тоҷикистон низ оиладор шуда буд, ва занаш ҳамроҳ бо ду фарзанди муштараки онҳо аз ӯ ҷудо шуд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Қаҳрамони барномаи “Мужское /Женское”, ки рӯзи 4 феврал тариқи телевизион намоиш дода шуд, саргузашти муҳоҷир аз Тоҷикистон бо номи Эраҷ Шариповро нақл мекард.

Барнома нахуст аз ҳодисаи даҳшатбор, ки бо панҷ фарзанди ноболиғи Шарипов дар вилояти Перм иттифоқ афтод, шурӯъ шуд.

Дар набудани модари кӯдакон дар манзили зисти онҳо сӯхтор сар зад ва дари асосӣ низ аз берун бо калид маҳкам буд.

Бо имдоди ҳамсояҳо хушбахтона ҳар панҷ кӯдак наҷот ёфтанд.

Эраҷ Шарипов дар Перм солҳои зиёд зиндагӣ ва кор мекунад. Ӯ дар ин ҷо бо Зинаида ном зан хонадор мешавад ва онҳо соҳиби панҷ фарзанд гардиданд.

Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

Ба нақли Шарипов ҳамсараш машруботро зиёд истеъмол мекунад ва сабаби аз ҳам ҷудо шуданро ӯ маҳз ба майнӯшии занаш рабт медод. Вале Зинаида изҳр дошт, ки собиқ шавҳараш ба ӯ дар тарбияи фарзанд кӯмак намекунад ва бараъкс онҳоро зери мушт қарор медод ва гӯё аз ин рӯ падари фарзандонашро аз хона пеш кард.

Эраҷ пас аз ҷудо шудан аз ҳамсари худ, ба Тоҷикистон рафтаву он ҷо низ хонадор шудааст. Аз зани тоҷики худ ҳарчанд соҳиби ду фарзанд шуд, вале зиндагии онҳо омад накард ва занаш аз ӯ ҷудо шуд.

Ҳоло Эраҷ бо духтари 16 – сола зиндагии муштарак дорад ва аз ӯ ҳатто соҳиби писарча шудааст. Пайвандони ҳамсари наваш аз интихоби ӯ комилан розӣ нестанд, вале зану ҳамсар исрор меварзанд, ки зиндагии хушу ободе доранд.

Аммо Юлия Барановская муҷрии ин барнома аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки Шарипов новобаста ба он, ки дар Перм занашро бо 5 фарзанд партофта рафту ҳамчунин ду кӯдаки дигари худро дар Тоҷикистон низ бе падар гузошт, ҳоло бо духтари ноболиғ зиндагӣ мекунад.

Қиссаи Эраҷ Шарипов ба чӣ анҷомид аз барномаи мазкур тамошо кунед.

8699
Барчаспҳо:
навор, фарзанд, тоҷик, муҳоҷир, Перм
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бизнес" мекунад? шикояти муҳоҷирон

292
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи мухочирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

292
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон

Муҳоҷири ӯзбек дар Нижний Новогород 4 узви як хонаводаро кушт

208
(Таҷдидшуда 17:04 01.03.2021)
Ду узви дигари ин хонавода ҷон ба саломат бурданд, зеро замони рух додани ин ҳодиса дар дигар ҷо қарор доштанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар куштори даҳшатбори 4 узви як хонавода дар деҳаи Кудмаи Нижни Новгород муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода чанд муддат боз кор мекард.

Боздоштшуда, чaҳор узви хонавода, аз ҷумла кӯдаки 5 - сола, модари 41 - солаи ӯ ва бобою бибии 64 ва 63 - соларо куштааст.

Тафтишот тахмин намудаааст, ки куштор ба мақсади ғоратгарӣ содир шудаааст. Зеро боздоштшуда пас аз қатл намудани ин чаҳор нафар ашёҳои гаронбаҳоро аз хона берун овардааст.

Дар ин ҳодиса танҳо 2 нафар: падари хонавода, ки дар сафари хидматӣ буд ва писарбачаи 13 - сола, ки дар толори варзишӣ буд,  наҷот ёфтанд.

Ҳоло муҳоҷири ӯзбек дастгир гардидааст ва нисбати ӯ тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

208
Барчаспҳо:
Нижний Новгород, куштор, Ӯзбекистон, муҳоҷир
Камнепад в Таджикистане

Ҳушдори КҲФ аз селу сангрезӣ ва дамои ҳаво барои имрӯз

26
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст, ки дар кишвар ҳавои ноустувор ва боришот то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, бо сабаби боришоти дарпешистода ва болоравии заминаи ҳарорат, обшавии босуръати барф дар кӯҳҳо ба амал меояд, ки метавонад ба эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, ба баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, обанборҳо ва инчунин ба харобӣ ва эрозияи хатти соҳили дарёҳо ва кӯлҳо.

"Дар натиҷаи боришот, хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезаҳо боқӣ мондааст",-афзудааст манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аҳолиро даъват мекунад, ки аз сафар, сайругашт ба минтақаҳои тарма, ҷамъоварии гиёҳҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон дар назар аст.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 18-23 ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрноки бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона  3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона  1+3  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

26