Оргнабор трудовых мигрантов в Фергане для работы на российских стройках

Русия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро интизор: аз изҳороти Песков то дархости Ҳукумати Маскав

1996
(Таҷдидшуда 12:09 11.02.2021)
Тоҷикистон аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро дарёфт кард: танҳо Ҳукумати Маскав аз Тоҷикистон 1,5 ҳазор нафарро интизор аст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Русия омода аст, ки аз Тоҷикистон 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба муовини вазири муҳоҷирати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ.

"То имрӯз мо аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро тариқи истихдоми созмонӣ пайдо кардем", - гуфтааст муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, танҳо ба вилояти Краснодарск 10 ҳазор муҳоҷир барои соҳаи сохтмон дархост карда мешавад.

"Дархост аз Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон гуногун аст: аз коргар дар соҳаи сохтмон то бофандагону мутахассисони технологияи хӯрокворӣ", - таъкид кардааст Нозирӣ.

Ба қавли ӯ, дархост аз худи кордиҳандагон ба вазорат ва Агентии кор дар хориҷа ворид мегарданд.

"Асосан кордиҳандагоне муроҷиат мекунанд, ки бо муҳоҷирони мо то замони пандемӣ кор мекарданд", - афзудааст муовини вазир.

Ёдрас мешавем, дар охирҳои январ нахустин гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон иборат аз 171 нафар  вориди Русия шуданд. Ҳамаи онҳо пас аз фаро гирифта шудан ба карантин дар сохтмонҳои Иркутск кор хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки боз ҳудуди 200 муҳоҷири тоҷик рӯзҳои наздик ба Русия сафар кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, Ҳукумати Маскав низ барои кор дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 1500 нафар дархрост кардааст.

Нодири гуфт, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон ният доранд курсҳои омӯзишии муҳоҷирони кории соҳибихтисосро дар заминаи коллеҷҳои техникӣ аз сар гиранд, ки ин масъала ҳангоми кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Маскав баррасӣ шуда буд.

Кремл имкони кушода шудани марзҳоро барои муҳоҷирон арзёбӣ кард

Дар ҳамин ҳол, пештар котиби раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Ҳукумат имконияти ифтитоҳи марзҳоро барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ дорад.

1996
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бизнес" мекунад? шикояти муҳоҷирон

176
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи мухочирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

176
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон

Муҳоҷири ӯзбек дар Нижний Новогород 4 узви як хонаводаро кушт

204
(Таҷдидшуда 17:04 01.03.2021)
Ду узви дигари ин хонавода ҷон ба саломат бурданд, зеро замони рух додани ин ҳодиса дар дигар ҷо қарор доштанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар куштори даҳшатбори 4 узви як хонавода дар деҳаи Кудмаи Нижни Новгород муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода чанд муддат боз кор мекард.

Боздоштшуда, чaҳор узви хонавода, аз ҷумла кӯдаки 5 - сола, модари 41 - солаи ӯ ва бобою бибии 64 ва 63 - соларо куштааст.

Тафтишот тахмин намудаааст, ки куштор ба мақсади ғоратгарӣ содир шудаааст. Зеро боздоштшуда пас аз қатл намудани ин чаҳор нафар ашёҳои гаронбаҳоро аз хона берун овардааст.

Дар ин ҳодиса танҳо 2 нафар: падари хонавода, ки дар сафари хидматӣ буд ва писарбачаи 13 - сола, ки дар толори варзишӣ буд,  наҷот ёфтанд.

Ҳоло муҳоҷири ӯзбек дастгир гардидааст ва нисбати ӯ тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

204
Барчаспҳо:
Нижний Новгород, куштор, Ӯзбекистон, муҳоҷир