ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширин Амонзода, имрӯз зимн нишасти матбуоть гуфт, ки соли гузашта аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар рафтааст, ки аз ин 117 912 нафар ба Русия ва 4574 нафар ба Қазоқистон рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон соли 2020 иттилоъ додааст, ки баландтарин маош 2376,2 ва пасттарин маош 561,1 будааст, ки баландтарини он ба бахши сохтмон ва пасттарини он ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ рост меояд.
“Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон соли 2020 то 3,9 дар сад боло рафта, бар муқоиса бо соли 2019 1377,17 сомониро дар бар гирифтааст”, - гуфт вазир.
Ба назари Амонзода, нишондиҳандаи беҳтарро дар ин бахш ВМКБ дорад, ки дар ин вилоят то 10,2 дарсад боло рафтааст. Дар Хатлон 5,9, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 5,2, Суғд - 4,1 ва Душанбе - 1,5 дарсад будааст.
Ширин Амонзода зикр кард, ки дар соли гузашта 193 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Шумораи бекорон бештар аз 136 ҳазор будааст. Вазир мегӯяд, инҳо онҳое ҳастанд, ки расман барои кор муроҷиат кардаанд ва 103,4 ҳазори онҳоро ҳамчун нафарони дар ҷустуҷӯйи кор номнавис кардаанд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.
Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.
Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.
Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор
Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи ҳамватани ӯ моҳи июли соли гузашта рух дода буд. Ҳодисаи нохуш дар Дмитровгради Русия иттифоқ афтод.
Он замон, расонаҳои навишта буданд, ки миёни ду шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша сар зад, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо истифода аз корд чанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамватани 41 - солаи худ зарба расонд.
Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз боғҳои Дмитреград дарёфт шуд.
Зимнан, сомонаи Ульяновск менависад, ҳукми тоҷикистоние, ки ҳамватани худро бо як бераҳмӣ кушт, эълон гардид.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон гардид.
Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш
Зимнан, маҳкумшуда ҷазои ҷиноятиро дар колонияи низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад.
Соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили "халқӣ"- "Волксваген" истеҳсол карда шуд.
Соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба тамошо гузошта шуд.
Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.
Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.
Соли 2010 дар Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.
Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда шуд
Соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистону Нидерландия муҳокима карда шуданд.
Соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.
Соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Соли 2016 Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.
Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Наргиси Карим (1975)- шоира.
Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.
Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.
Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.
Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.
Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.
Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.