Рабочий на строительной площадке

Ҳалокати муҳоҷири 27-солаи тоҷик дар шаҳри Маскав: аз баланди ба замин сарозер шуд

2253
(Таҷдидшуда 10:45 14.02.2021)
Муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки ному насабаш то ҳол маълум нест, аз ошёнаи болои бинои сохташуда дар шаҳри Маскави Русия ба замин сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар шаҳри Маскав марги боз як муҳоҷири тоҷик дар яке аз майдонҳои сохтмон ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости. 

Ҳодисаи нохуш дар яке аз майдонҳои сохтмон, дар кӯчаи Лобочевскийи пойтахти Русия ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта шудааст, ки ду муҳоҷири коригар аз баландии бинои сохташуда ба замин сарозер шуданд. Дар ҳоли ҳозир, яке аз муҳоҷироне, ки аз баландӣ ба замин сарозер шудааст дар бемористон бистарӣ гардидааст ва вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон, манбаъ қайд кардааст, муҳоҷири дигаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаасту, ҳамроҳ бо муҳоҷири дар бемористон бистаригардида аз баланди ба замин сарозер шудааст, ба ҳалокат расидааст.    

Тибқи маълумоти пешакӣ ҳарду муҳоҷири меҳнатӣ бидуни шартномаи меҳнатӣ дар ин сохтмон кор мекарданд.

Прокуратураи генералии Русия оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ, тафтишотро оғоз намудааст.

2253
Барчаспҳо:
тоҷик, сарозер, сохтмон, марг, муҳоҷир, Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо

3598
(Таҷдидшуда 17:36 27.02.2021)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия рост меоянд. Ӯ аз нияти Ҳукумат барои диверсификатсияи муҳоҷират ва фиристодани корҷӯёни тоҷик ба Корея, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.

Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.

Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.

Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.

Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.

“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.

Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.

Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.

3598
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷират, Тоҷикистон
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Сӯхтор дар Толятти: муҳоҷири тоҷик ду фарзандашро наҷот доду кӯдаки ду - солааш ҷон бохт

551
(Таҷдидшуда 14:11 25.02.2021)
Сӯхтор дар як анборе сар зад, ки муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо зану се фарзанди худ ба сар мебурд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.

Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.

Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

551
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, сӯхтор, Толятти
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

0
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

0
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон