Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Оё бахши кишоварзии Русия бидуни муҳоҷирон вуҷуд дошта метавонад: шарҳи коршинос

187
(Таҷдидшуда 14:25 14.02.2021)
Доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Русия Леонид Холод шарҳ дод, ки чӣ гуна метавон муҳоҷиронро бештар "ба саҳро"-ҳои Русия ҷалб кард

ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Бахши кишоварзии Русия дар баъзе аз соҳаҳо ба меҳнати дастӣ ниёз дорад. Бештар ин ба шуғли мавсимӣ рабт дорад, гуфт доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Русия Леонид Холод дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

"Сабзавоткорӣ ва мевапарварӣ ин он соҳаҳое мебошанд, ки ба шуғли мавсимӣ ниёзи зиёд доранд" гуфт Холод.

Дар давраи Шӯравӣ ҳамин корро донишҷӯён анҷом медоданд. Баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои донишҷӯёнро муҳоҷирони меҳнатӣ гирифтанд.

Коршинос қайд кард, ки сатҳи музди меҳнат дар бахши кишоварзӣ чандон зиёд нест, чунки онро  арзиши бозории маҳсулот муайян мекунад.

Холод илова кард, ки  аксари муҳоҷирон аз малакаҳои умумӣ бархурдоранд, ки барои соҳаи кишоварзӣ муфид мебошанд.

Ба гуфтаи доктори илмҳои иқтисодӣ, мушкилоти асосие, ки дар соҳа ба назар мерасад, ин норасоии муҳоҷирон аст.  Баста шудани марзҳо ва тағирёбии қурби рубл,  ба музди меҳнати кирояи муҳоҷирон таъсири ҷиддӣ  расонидааст.

Коршиноси рус таъкид дошт, ки агар масъалаи музди меҳнатро метавон қисман бо роҳи ҷубронпуливу дигар имтиёзҳо ҳал кард, масъалаи норасоии қувваи корӣ бошад метавон танҳо бо роҳи барқарор кардани парвозҳои муқаррарӣ ҳал кард.

187
Барчаспҳо:
ҷалб, коршиносон, шарҳ, кишоварзӣ, муҳоҷир, Тоҷикистон
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бизнес" мекунад? шикояти муҳоҷирон

739
(Таҷдидшуда 12:30 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор шуданд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи муҳоҷирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

739
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон

Муҳоҷири ӯзбек дар Нижний Новогород 4 узви як хонаводаро кушт

216
(Таҷдидшуда 17:04 01.03.2021)
Ду узви дигари ин хонавода ҷон ба саломат бурданд, зеро замони рух додани ин ҳодиса дар дигар ҷо қарор доштанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар куштори даҳшатбори 4 узви як хонавода дар деҳаи Кудмаи Нижни Новгород муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода чанд муддат боз кор мекард.

Боздоштшуда, чaҳор узви хонавода, аз ҷумла кӯдаки 5 - сола, модари 41 - солаи ӯ ва бобою бибии 64 ва 63 - соларо куштааст.

Тафтишот тахмин намудаааст, ки куштор ба мақсади ғоратгарӣ содир шудаааст. Зеро боздоштшуда пас аз қатл намудани ин чаҳор нафар ашёҳои гаронбаҳоро аз хона берун овардааст.

Дар ин ҳодиса танҳо 2 нафар: падари хонавода, ки дар сафари хидматӣ буд ва писарбачаи 13 - сола, ки дар толори варзишӣ буд,  наҷот ёфтанд.

Ҳоло муҳоҷири ӯзбек дастгир гардидааст ва нисбати ӯ тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

216
Барчаспҳо:
Нижний Новгород, куштор, Ӯзбекистон, муҳоҷир
Тюремная вышка, архивное фото

Баъди падар фарзанд: додгоҳ писари муовини раиси ҲСДТ Махмурод Одинаевро зиндон кард

0
(Таҷдидшуда 13:30 02.03.2021)
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳукми писари муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро содир кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали ҲСДТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, баррасии парванда ва ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев бидуни ширкати хонаводаи ӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, қаблан баҳонаи оғози нофаҳмиҳо миёни мақомот ва Маҳумрод Одинаев маҳз ҳамин писараш буд, зеро ӯ аз нигоҳи равонию шунавоӣ ва биноӣ мушкил дорад, аммо кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯро бо усули "облава" ба хизмат фиристоданӣ мешаванд.

Номбурда гуфт, ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

Як манбаъ аз додситонии шаҳри Ҳисор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаҳои 237, қисми 2 ва 32-138, ки авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус мебошад, муҷрим шинохта мешавад.

Маҳмурод Одинаев, ноиби зиндонии раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад,  хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.

Изҳороти ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев: "шахси моҷароҷӯ" аст

Аммо ВКД баъдан ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.

Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.

Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.

“Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд”, - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.

Раёсати тафтишотии ВКД он замон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гуфта буд, ки вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, 28 январи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ худи Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон кард ва қабл аз ӯ нисбат ба Ҳабибулло Ризоев писари дигараш низ айб эълон шуда 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

 

0