Очереди мигрантов в УФМС

Вуруди тоҷикистониён 4 баробар кам шуд: "ФСБ" гуфт, чанд хориҷӣ ба Русия омадаанд

1464
(Таҷдидшуда 20:12 16.02.2021)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз пандемия, аз рӯи шумораи шаҳрвандоне, ки ба Русия омадаанд, ба панҷгонаи аввал шомил мебошанд

ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Дар маҷмӯъ соли 2020 ба Русия 9,6 миллион шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд,  навиштааст "Интерфакс" аз қавли хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амният - "ФСБ".

Бахши хоҷагии қишлоқи Русия ба таҷрибаи муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дорад. Тибқи омор, шумораи ками хориҷиён бо ҳадафи сайёҳӣ ба Русия омадаанд - ҳамагӣ 336 ҳазор нафарро ташкил додаанд. Ташрифи сайёҳон 93% кам шудааст.

Дар маҷмуъ шумораи хориҷиёни воридшуда 67,5% коҳиш ёфт. Шаҳрвандони Украина аз рӯи шумораи вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия пешсаф шуданд. Аз ин кишвар дар маҷмӯъ 3,65 миллион нафар аз ин кишвар ба Русия омадаанд.

Ҳамчунин ба панҷгонаи аввал, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шомил шудаанд. Ҳамин тавр, аз Тоҷикистон ба Русия дар соли 2020 ҳудуди 401,8 ҳазор нафар омадаанд. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, аз инҳо тақрибан 130 ҳазор нафар ба ҷустуҷӯи кор рафтаанд. 

Вуруди асосии хориҷиён, тибқи омори "ФСБ", ба семоҳаи аввали соли 2020 рост омад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти хадамоти сарҳадии ФСБ, дар соли 2019  ба Русия 1,57 миллион нафар омадаанд. Бармеояд бинобар пандемияи коронавирус, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия омадаанд, қариб 4 маротиба кам шудааст.

1464
Барчаспҳо:
Хадамоти федералии муҳоҷират, сафар, Русия, Тоҷикистон
Коргарон, акс аз бойгонӣ

“Аксар чинӣ”: фош шудани ҷалби ғайриқонунии хориҷиён ба кор дар Тоҷикистон

519
Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи як санҷиш мавориди зиёди эъзоми ғайриқонунии коргарони хориҷӣ ба кор дар ширкатҳоро ошкор кардааст. Аксари ин ширкатҳо чиниянд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Талбакзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар пайи як санҷише, ки дар Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон анҷом шуд, чандин мавриди эъзоми ғайриқонунии коргарони хориҷӣ ба кор ошкор шуда, ҳазинаи ин зарар ба давлат қобили мулоҳиза аст.

“Муайян гардид, ки бар хилофи қарори Ҳукумат дар бораи қоидаҳои додани кор ба хориҷиён, бархе аз шаҳрвандони берунӣ бидуни иҷозат ба кор қабул шудаанд, ки дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд”, - иттилоъ дод Сулаймон Талбакзода.

Тибқи иттилои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин ширкатҳо чинӣ ва ё дар ҳамдастӣ бо чиниҳо дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Манбаъ афзуд, ширкатҳои назири “Пакрут”, ки 1,3 миллион сомонӣ, “Синоҳидро Тоҷикистон” - 772 ҳазор, “Ҷунтай Моҳир Семент” - 7,2, филиали ширкати “Синзян Коммуникейшн Конструкшн груп” дар Тоҷикистон - 451,4, намояндагии ширкати “ТВЕА” дар Тоҷикистон - 96,9 ва “Ҷонг Фу” - 600,3 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетро пардохт накардаанд.

Якеи дигар ширкати муҳандисӣ - сохтмонии эронӣ ба номи “Умрон Морун” аст, ки дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” машғули кор аст ва дар пайи ҷалби ғайриқонунии коргарон ба буҷаи Тоҷикистон 19,5 ҳазор сомонӣ маблағ напардохтааст.

Ин рӯйхат бо ширкати “Гушикай Лтд” хотима меёбад, ки дар муаррифиҳо тоҷикистонӣ гуфта шудааст ва 553,8 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Дар ҳамин ҳол, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи ин, ки ин ширкатҳо шаҳрвандони кадом кишвари хориҷиро ба чӣ теъдод ба кор ҷалб кардаанд, маълумоти бештар ироа накард.

519
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, кор, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Тафсилоти нав дар қазияи муҳоҷире, ки зани ҳомила ва хусурашро кушт: қарздор буд

1045
Дар қазияи муҳоҷири тоҷик, ки дар Перм ба таври ваҳшиёна зани ҳомила ва хусурашро кушт, тафсилоти нав муайян шуд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Чаро муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар Перм ба сар мебарад, дар пеши чашми фарзандони худ зани ҳомиладорашро ваҳшиёна кушт ва сипас дар кӯча хусурашро низ бо ҳамин тарз аз ҳаёт маҳрум кард. Нашрияи "В курсе.ру" тафсилоти нави ин ҳодисаи даҳшатборро ифшо намудааст.

Бар хабари манбаъ, муҳоҷири тоҷик дар як анбор, ки ба хусураш тааллуқ дошт ба аробакашӣ машғул будааст. Ҳамчунин номбурда ҳамроҳ бо зани марҳум ва фарзандонаш дар хонае зиндагӣ мекард, ки аз они волидони занаш буд.

Нашрияи аз қавли манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад, ки ҷавон пайваста аз хусури худ пул қарз мегирифт ва ҳар бор маблағро барнамегардонд. Илова бар ин, зиёд арақ мехӯрд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи даҳшатбор низ пас аз сар задани як муноқишаи оилавӣ рух дод. Хусури марҳумаш даъво доштааст, ки  ҷавон аз уҳдаи таъмини оила худ намебарояд ва кори мекунад, ки ӯро аз Русия хориҷ кунанд. Ба ҳамин роҳ гӯё аз домоди худ халос шуданӣ буд.

Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор

Ёдовар мешавем, ки интиқоли ҷасади падару духтар низ ба дарозо кашида шуд, ҳарчанд ҷамъияти Иттиҳоди тоҷикони Перм барои интиқол додани тобути онҳо ба Тоҷикистон ҳамаи корҳои лозимиро ба сомон расонда буданд.

1045
Барчаспҳо:
куштор, муҳоҷир
Спортивный директор ФК «Тамбов» Павел Худяков

Худяков дар бораи гузариши Восиев ба "Тамбов": ӯ ҳадаф ва хоҳиши бозӣ карданро дорад

0
(Таҷдидшуда 00:26 25.02.2021)
Павел Худяков, директори варзишии КФ "Тамбов" шарҳ дод, ки .чаро барои футболбози тоҷик Фарҳод Восиев як гардиши куллии вазнин рӯй дод

Шарики кориям, ки қаблан дар "Оренбург" кор карда буд, пешниҳод кард, ки нозадии Восиевро аз дида бароям, гуфт директори варзиши КФ "Тамбов" Павел Худяков дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

"Як бачаи муқаррарӣ, омодааст дар шароити хоксоронаи мо кор кунад", - гуфт намояндаи КФ "Тамбов".

Директори варзиши клуби футболи Русия илова намуд, ки чизи асосӣ он аст, ки варзишгари тоҷик ҳадаф дорад, хоҳиши бозӣ кардан вуҷуд дорад, гарчанде ки ӯ аллакай ба қатори футболбозони ботаҷриба шомил аст.

"Вай мехоҳад ба худ чизе исбот кунад ва ба мо кумак кунад. Ҳоло лаҳзае аст, ки ӯ бояд исбот кунад, ки ҳунари хуб дорад ва ин маҳз сатҳи ӯст. Ҳама чиз танҳо аз ӯ вобаста хоҳад буд", - гуфт Худяков.

Ва чӣ гуна футболбози тоҷик худро нишон хоҳад дод, танҳо бо мурури замон маълум хоҳад шуд, хулоса кард директори варзиши КФ "Тамбов".

Ёдовар мешавем Фарҳод Восиев, футболбози 30-солаи тоҷик чанд рӯз қабл бо тими "Тамбов" шартнома баст ва ҳамакнун ҳунарнамоии варзишии худро дар Премер Лигаи Русия идома медиҳад.

Пас аз 19 даври бозии Премер лигаи Русия, "Тамбов" 13 имтиёз дорад ва дар арафаи хориҷшавӣ аз лига қарор дорад.

0