Душанбе площадь Дусти памятник Исмоилу Сомони

WEF: Тоҷикистон дуюмин кишвари рақобатпазири ОМ

17
(Таҷдидшуда 22:03 12.10.2015)
Тоҷикистон дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (The World Economic Forum) дар мақоми 91-ум қарор дошт. Имсол 11 зина боло рафтааст.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирӣ миёни 114 кишвар мақоми 80-умро касб кардааст, менависад сомонаи ин созмон.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон (42) ва болотар аз Қирғизистон (102-ҷой) меистад. Узбакистон ва Туркманистон дар ин рейтинг оварда нашудаанд.

Миёни кишварҳое, ки иқтисодашон рақобатпазиртарин ба шумор меравад, Швейтсария ном бурда мешавад, ки соли ҳафтум аст, дар садри рейтинг менишинад. Ҷойи дуюмро Сингапур ва зинаи сеюмро ИМА ишғол карданд. Олмон, Ҷопон, Ҳонконг, Финландия, Шветсия ва Британияи Кабир мутаносибан дар ҷойҳои 4 то 9 қарор доранд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) натоиҷи мазкурро бар асоси баҳодиҳӣ ба рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо аз рӯи 12 бахш — сифати муассисаҳо, инфрасохтор, суботи макроиқтисодӣ, тандурустӣ ва таълими ибтидоӣ, таълим ва тарбия олӣ, самаранокии молҳо ва хизматрасонии бозор, самаранокии бозори меҳнат, рушди бозори молиявӣ, рушди технологӣ, ҳаҷми бозори дохилӣ, рақобатпазирии ширкатҳо ва иқтидори инноватсионӣ таҳия мекунад.

17
Барчаспҳо:
раддабандӣ, рейтинг, рақобатпазир, мақом, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Узбакистон, Туркманистон, Осиёи Марказӣ, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

406
(Таҷдидшуда 19:51 03.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати ахир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7538  нафар баробар гардид.

"То санаи  3 август  дар мамлакат  6317 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ қайд карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват дорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

406
Барчаспҳо:
омор, тандурустӣ, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Киевский банк оцеплен

Ҳамлаи террористӣ дар Киев: шаҳрванди Ӯзбекистон бо бомб таҳдид карду бонкро забт намуд

275
(Таҷдидшуда 18:49 03.08.2020)
Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки яке аз бонкҳоро дар дохили маркази бузурги тиҷоратӣ забт кард, талаб дорад, ки ӯро бо пахши мустақим тариқи телевизион намоиш диҳанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Забти маркази тиҷоратӣ аз ҷониби шаҳрванди Ӯзбекистон чун ҳамлаи террористӣ унвон шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати корҳои дохилаи Укриана.

Хабар дар бораи забти маркази тиҷоратӣ рӯзи 3 август ба мақомоти пулис расид. Ҳамлагар дар маркази бузурги тиҷоратии "Леонардо" воқеъ дар ноҳияи Шевченкои Киев қарор дорад.

"Намояндаи "Универсал бонк" занг зада хабар дод, ки марди номаълуме тақрибан 35 сола гуфт дар ҷузвдонаш бомб дорад ва талаб кард, ки пулисро ҷеғ зананд. Кормандони бонк дохили биноро тарк карданд, вале раҳбарияти бонк бо хоҳиши худ он ҷо монд", - навиштааст муовини раҳбари ВКД Украина Антон Герашенко дар саҳифаааш дар Facebook.

Кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда бо мард гуфтугӯ карданд. Бино бар хабари ВКД ҳамлагар шаҳрванди Ӯзбекистон, соли таваллудаш 1988 мебошад. Мувофиқи хабари пешакӣ ин мард Суҳроб Раҳматович Каримов мебошад.

"Дар паи гуфтугӯ мо фаҳмидем, ки ин мард мехоҳад ба пахши мустақими шабакаҳо барояд. Ҳатто ба назди мо омада пурсиданд, ки оё имконияти баргузор кардани ин кор ҳаст. Мумкин ин талаби ӯ иҷро шавад, чун ин ҷо аллакай роҳи баргузории ин корро ҷустуҷӯ доранд. Феълан аз дохили маркази тиҷоратӣ мардумро берун мекунанд", - менависад шабакаи News One.

Герашенко изҳор дошт, ки мақомоти пулис аниқ намедонанд, ки ӯ бомба ё силоҳ дорад ё не.

Тоҷик аст? Тоҷикистон ҳуввияти нафаре, ки нияти ҳамлаи террористӣ дошт, месанҷад

"Ӯ талаб дорад, ки расонаҳоро ба назди ӯ биёранд ва ӯ мехоҳад мусоҳиба диҳад. Давомаш чун сенарияи Лутск идома мекунад, фақат мо намедонем, ки ӯ дар воқеъ бомб дорад ё не" , - гуфт Герашенко рӯзи 3 август дар мусоҳиба бо телевизиони "Украина 24".

Тибқи охирин хабар кормадони ВКД ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ унвон кардаанд.

275
Барчаспҳо:
шаҳрванд, ҳамлаи террористӣ, Киев

Хайр Маскав: маросими пӯшидашавии Олимпиадаи соли 1980 - аксҳои нодир

0
(Таҷдидшуда 19:45 03.08.2020)
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
Рӯзи 3 августи соли 1980 дар Маскав маросими пӯшидашавии Бозиҳои тобистона баргузор гардид. Ин маросим аз зеботарин маросимҳо дар таърихи олимпиада шинохта шудааст

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.

Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.

Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.

Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.

Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.

Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.

Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.

0
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980, 3 август дар майдони ба номи Ленин (Лужники) баргузор гардид.

  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
    © Sputnik / Дмитрий Донской

    Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Сомов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои шаҳрвандони ИҶШС балки мардуми ҷаҳон рухдоди муҳиме шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Торжественная церемония закрытия Игр XXII Олимпиады. Центральный стадион имени В.И. Ленина 3 августа 1980 года.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Барои миллионҳо меҳмони хориҷӣ Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бо меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии мардуми рус ёддошт шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Оташбозӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Олимпиадаи соли 1980 яке аз бозиҳои боадолаттарин дар ҷаҳони варзиш шинохта шудааст, чун дар давоми мусобиқот ягон аризаи шикоятӣ дар бораи натиҷаҳои бозиҳо навишта нашудааст.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд.

Барчаспҳо:
маросим, олимпиада, Маскав